Вилояти Хатлон

Дар вилояти Хатлон бо дар назар доштани мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа бошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷӣ барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба кишвар ворид мешаванд, меафзояд.
Айни ҳол дар вилоят 4 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, шумораи онҳо бамаротиб зиёд хоҳад шуд.
Дар ҳудуди вилоят 582 ёдгориву мавзеи таърихӣ ва фарҳангӣ, 32 осорхона, 32 ёдгории шаҳрсозӣ, меъмориву монументалӣ, 34 мавзеи табиии истироҳатӣ мавҷуд буда, ба хизмати мизоҷон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 60 меҳмонхона фаъолият доранд. Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят 13 истироҳатгоҳу осоишгоҳ фаъолият намуда истоданд.
Самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ дар вилоят:
сайёҳии кӯҳию варзишӣ, экологӣ – бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Норак, Сарбанд, Хуросон, Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг созгор буда, дар ин замина роҳи Балҷувон-Сари Хосор, Кӯлоб-Чилдухтарон ва дар шафати роҳҳо хонаҳои типи нав Ҳомстей, Гестҳаус ва Ҳостел бо хизматрасонии обу ташноб бунёд карда мешаванд;
варзиши лижаронии кӯҳӣ асосан дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шароити мусоид барои ин навъи сайёҳӣ фароҳам буда, дар оянда бунёди базаи лижарониву сайёҳӣ ва аспсаворӣ мақсаднок мебошад;
сайёҳии шикор, моҳидорӣ – бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Балҷувон, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин афзалият дорад. Имрӯз дар байни сайёҳон ҳавасмандии гирифтани мустақилонаи моҳӣ дар ҷараёни сафар, бевосита пухтан ё омода намудани он хеле маъмулу машҳур буда, баҳри ҷалби сайёҳон ба ин минтақа ҳам аз нигоҳи сайёҳии дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ созгор мебошад;
сайёҳии таърихию фарҳангӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Вахш, Қубодиён, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Шаҳритуз ва Фархор бештар афзалият дорад. Мавриди зикр аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб 2700 сол таърих дошта, дар масири Шоҳроҳи Абрешим қарор дорад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо такя ба таърихи бою рангини шаҳри Кӯлоб онро дар соли 2015 ҳамчун шаҳри фарҳангиву таърихӣ дар байни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон намудааст;
ҳамзамон, шаҳри қадимаи маркази илмиву фарҳангии Хуталони қадим – Хулбук низ то имрӯз аз нигоҳи меъморӣ сохтмон ва масолеҳи он дар ҷаҳон ҳамто надорад;
сайёҳии солимгардонӣ-санаторӣ, истироҳатӣ бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Норак, Восеъ, Муъминобод, Темурмалик афзалият дорад. Боиси ифтихор аст, ки рӯз аз рӯз саноати сайёҳӣ дар ин минтақа рушд ёфта, бо сохтани роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, нақбҳо, ба пойтахти мамлакат наздик будани шаҳру ноҳияҳо, аз қабили Норак ва Восеъ ба сохтани инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси кемпингҳо ва осоишгоҳҳо сармояи дохилӣ тақозо дорад;
сайёҳати динӣ ва зиёратӣ бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Норак, Дустӣ, Шаҳритуз, Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг афзалият дорад. Мавриди зикр аст, ки тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аз нигоҳи самтҳои афзалиятноки соҳа диққатҷалбкунанда ва тамошобоб мебошанд. Махсусан мавзеъҳои Тахти Сангин, Чилучорчашма, Чилдухтарон, мақбараи Имом Зайналобиддин, олим ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда истодаанд.

Вилояти Хатлон

Маъбади буддоии Аҷинатеппа

Харобаҳои маъбади буддоии Аҷинатеппа ​​(теппаи Иблис) дар қисми ҷанубу ғарбии деҳаи Қизилсойи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд. Ин ёдгории қадимӣ дар 12 -километрии шимоли

Подробнее »
Вилояти Хатлон

Кофирқалъа

Кофир Қалъа дар асри 1-3 сохта шуда, то асри 8 фаъолият кардааст. Ба гуфтаи таърихшиносон, Кофирқалъа дар асрҳои миёна маркази маъмурии минтақаи Вахш буд. Дар

Подробнее »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Тахти Сангин

Тахти Сангин макони машҳури таърихӣ дар тамоми Тоҷикистон аст. Он дар масофаи 34 км дуртар аз ноҳияи Қабодиён дар омезиши ду дарё, яъне Вахш ва

Подробнее »
Вилояти Хатлон

Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ин мақбара ёдгории таърихӣ-бостонӣ асрҳои XIY-XY мелодист, ки дар шаҳри Кӯлоб воқеъ мебошад. Сохтмони ин ёдгории таърихӣ аз санъати хоссаи меъморӣ, ҳунари баланди устоҳои чиррадасти

Подробнее »
Вилояти Хатлон

Мақбараи Хоҷа Шақиқи Балхӣ

Имрӯзҳо ҳар мусофире , ки аз Душанбе ба Данғара ҳаракат мекунад, албатта аз деҳаи бо номи Хоҷа Шақиқи Балхӣ дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғараи мегузарад.

Подробнее »
Вилояти Хатлон

Мақбараи Мавлоно Обиддин

Мақбараи Мавлоно Обиддин ёдгории таърихист, ки дар қисмати ҷанубу шарқии деҳаи Корези ноҳияи Данғара ҷойгир аст. Мақбара дар замони шӯравӣ хароб карда шудааст. Хишти деворҳои

Подробнее »
Вилояти Хатлон

Кӯҳи Намаки Хоҷа Муъмин

Хоҷа Муъмин – кӯҳи намак дар ҷануби Тоҷикистон, дар масофаи 25-километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб ва 7 км дуртар аз шаҳраки Ҳулбук (маркази ноҳияи Восеъ)

Подробнее »
Вилояти Хатлон

Қалъаи Мир-и Балҷувон

Қалъаи Мири Балҷувон дар теппае дар маркази ноҳияи Балҷувон, дар соҳили рости дарёи Сурхоб ҷойгир аст. Қароргоҳи Бек, бо қалъаи хурд дар деҳаи иборат аз

Подробнее »