Мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ

Ин мақбара дар канори Балҷувон байни дарёҳои Сари Мазор ва Тойир, дар деҳаи Сари Мазори шурои деҳоти ба номи Сафар Амиршоев дар ноҳияи Балҷувон ҷойгир аст. Мақбара дар қисмати шарқии маркази ноҳияи Балҷувон дар байни рудҳои Обимазор ва Тоир воқеъ мебошад.

Тарҳи меъмории мақбара

Бинои мақбара шакли росткунҷа дорад ва аз сафолҳои чоркунҷаи сӯхта сохта шудааст. Айни замон дохили он андова карда шудааст. Портали арки он шакли камон дошта таносуби қатъӣ дорад. Деворҳои паҳлӯ ба се равоқ тақсим карда шудаанд, ки дар маркази онҳо тирезаҳои лансетӣ ҷойгиранд. Даромадгоҳи мазор аз равоқҳои ҷиддан таносубдор иборат аст. Дар атрофи мазор дар майдони 50х70 м боғи дорои чинорҳои кӯҳансол воқеъ мебошад. Дар ҳамин ҷо дар ҳудуди боғ шумораи зиёди қабрҳо ба назар мерасад, ки онҳо ба хешу ақрабо, шогирдон ва пайравони ӯ мансубанд. Дар бораи мақбара тадқиқоти пурра гузаронда нашудааст аммо сохтмони онро ба асри XIII мансуб медонанд. То ҳол дар ҳудуди мақбара аз ҷониби кормандони мавзеъ дар холати рубу чин ва тоза кардан, пораҳои кӯзаҳои сафолин пайдо мегарданд. Мақбара ба номи Шоири маъруфи форс ва асосгузори тариқаи сӯфӣ Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (1330-1249) гузошта шудааст.

Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ Дар шаҳри Кирмон (Эрон ё Ҳалаб ) таваллуд шудааст. Неъматуллоҳ ба манотиқи мухталифи ҷаҳони ислом, аз ҷумла шаҳрҳои муқаддаси Макка, Мадина, ва шаҳрҳои Мовароуннаҳр ба монанди Самарқанд сафар кардааст. Вай дар охир ба зодгоҳаш баргашт, то дар он ҷо як хонақа таъсис дода ба зикру ибодат ва таълим пардохт. Таълимоти ӯ дар саросари Эрон, Ҳиндустон ва Осиёи Миёна Марказӣ паҳн шуда, пайравони зиёде ба зиёрати ӯ меомаданд. Таълимоти рӯҳонии Шоҳ Нематуллоҳ ҳамаро ба ҷустуҷӯи Ҳақ, ё роҳ ба сӯи шинохти Худо ташвиқ мекард. Ин марди ориф ҳамаи онҳоеро, ки аз ҷониби дигар устодон ва тариқаи сӯфиён рад карда мешуданд, истиқбол кард. Тариқаи Неъматуллоҳӣ аз Эрон то Ҳиндустон ва то Осиёи Миёна пайравони зиёдеро ба худ ҷалб намуд Шоҳ Неъматуллои Валӣ солҳои 1430-1434 вафот кард.Дар Тоҷикистон мардуми Хатлон ва дар Бадахшон ҳамчун як муқаддас ва донишманди сӯфӣ бо Шоҳ Нематуллоҳи Валӣ бо эҳтироми зиёд ва эътиқод муносибат мекунанд.

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба мақбара

Оромгоҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Заробӣ) дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоев-и ноҳияи Балҷувон ҷойгир мебошад. Барои зиёрати ин мақбара саёҳон аввал вориди шаҳраки Балҷувон гардида баъдан ба он сафар мекунанд. Ба мақбара ҳар сол зиёраткунандагони зиёде аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он махсусан аз Узбекистон меоянд.

Осоишгоххо

Осоишгохи «Сатурн»

Осоишгоҳи нави «Сатурн» дар деҳаи Шамбари ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳори соли 2015 ба истифода дода шуд, ба табобати бемориҳои узвҳои меъдаю рӯда, бемориҳои

Муфассалтар »
Ҷашнҳо

Меҳргон

Иди Меҳргон, дар баробари Иди Наврӯз, яке аз ҷашнҳои муҳими фарҳанги ориёӣ ба ҳисоб меравад ва бо зич пайваста аст. Агар Наврӯз ин рӯзи баробаршавии

Муфассалтар »