Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ин мақбара ёдгории таърихӣ-бостонӣ асрҳои XIY-XY мелодист, ки дар шаҳри Кӯлоб воқеъ мебошад. Сохтмони ин ёдгории таърихӣ аз санъати хоссаи меъморӣ, ҳунари баланди устоҳои чиррадасти бинокори маҳаллӣ, ки аз тамаддуни ниёгони мардуми минтақа махсусан тоҷикон мебошад, шаҳодат медиҳад. Эътиқоди самимии мардуми маҳаллӣ ба шахсият ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1384) имкон дод, ки ин ёдгории таърихию фарҳангӣ то замони мо боқӣ монад.

Дар тазкираҳои адабӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ ишораҳое мавҷуданд, ки аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли 1373 бо мақсади зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Ҳасани Исфаҳонӣ мулақаб ба Шоҳи Хомўш, ки дар ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст, омада будааст. Даҳ моҳ дар он макон зиндагӣ намуда, сипас, ба маркази маъмурии шаҳри Кўлоб омадааст. Дар шаҳри Кўлоб соли 1374 писараш Сайид Муҳаммад таваллуд шудааст. Ягона духтараш Моҳи Хуросонро ба яке аз ҷавонони кўлобӣ Хоҷа Исҳоқ ба шавҳар медиҳад. Мутафакири барҷаста дар ҳамин шаҳр дар соли 1384 вафот кардаст. Шогирдон ва мардуми маҳаллӣ барои гиромидошти хотири ӯ барояш мақбара бунёд намудаанд.

Бо гузашти солиёни зиёд муҳаббат ва самимияти мардум нисбати ӯ кам нагашта дар афзудан мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободии ин макони муқаддас ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ин мақабара ду маротиба аввал соли 1995- 680-солагӣ ва соли 2015 700-солгарди зодрўзи аллома бо баргузории Симпозиюмҳои байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуд.

Тарҳи меъмории мақбара

Тибқи маълумоти бостоншиносон ин мақбара аз тарафи шогирдони Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар аввал ҳамчун ду ҳуҷрае бо ду гунбаз сохта шуд. Ҳуҷраи аввал мадфунгоҳи аллома ва ҳуҷраи дуюм барои хондани аврод ва гузоридани намозҳои панҷгона сохта шуда буд. Пас аз муддате се ҳуҷраи қисмати шарқии мақбара қомат афрохтаанд.

Дертар баъди аз дунё гузаштани писараш аз тарафи ҷанубу шарқӣ ҳуҷраи Сайид Муҳаммад бино ёфтааст. Дар ин давра дар паҳлўи ҳуҷраи мазкур як ҳуҷраи дигар эъмор гардид. Бо гузашти айём дар давраи ниҳоӣ аз тарафи ҷанубу ғарбӣ ҳуҷраи наве бо як гунбаз сохта шуд. Ҳамин тариқ, маҷмаи таърихию фарҳангӣ шакли пурраи имрўзаи худро касб намуд. Дар ибтидо зоирон аз қисмати шарқӣ вориди мақбара мегардиданд.

Баъди гузаштан аз ҳуҷраи калон зоир ба ҳуҷрае, ки аллома мадфун аст, ворид мегардад. Роҳрави қариб якметраи гирди қабр имкон медиҳад, ки зиёраткунанда озодона ҳаракат кунад. Сипас, зоирон самти ҳаракаташонро ҷониби шарқии мақбара идома дода, ба қабрҳои Офтоби Тобон (завҷаи Ҳамадонӣ) ва Моҳи Хуросон (духтари Ҳамадонӣ), ки аз ду тараф ду ҳуҷра, яке холӣ ва дигаре ду қабр дорад, наздик мешаванд.

Аксҳо

Роҳи сафар ба мақбара

Аз Душанбе ба шахри Кулоб дар 3 соат бемалол расидан мумкин аст. Инчунин, мехмонон аз шахри Кулоб гузашта, бо пайрахаи баланд аз Помир то шахри Душанбе сафар мекунанд. Дар тӯли асрҳо ин шаҳр нуқтаи асосии савдо дар масири Роҳи бузурги абрешим ба ҳисоб мерафт. Инчунин дар шаҳри Кӯлоб фурудгоҳи пешрафта мавҷуд аст, ки ҳар рӯз аз Федератсияи Русия ва Душанбе парвозҳо қабул мекунад.

Қобили зикр аст, ки меҳмонони шаҳри Кӯлоб ҳатман аз ин ёдгории таърихӣ – Осорхонаи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дидан хоҳанд кард. дар шафати мавзолей вокеъ гардидааст. Инчунин сайёҳон метавонанд аз насабномаҳои асрҳои XY-XYI, сулолаи Ҳахоманишиҳо (асрҳои YII-YI пеш аз милод), оромгоҳи Одами номаълум, Осорхонаи 2700-солагии Кӯлоб, боғи фарҳангу фароғати ба номи Мир Саид Алии Хамадонй, майдони ба номи Сафар Амиршоев, Саидалй Вализода ва Хуталон.

Вилояти Суғд

Муғтеппа

Дар шимоли Тоҷикистон шаҳри Истарафшан ҷойгир аст, ки дар асли VI то мелод таъсис дода шудааст. Имруз ин маркази сайёҳи буда меҳмононро бо масҷидҳои қадима,

Муфассалтар »
Турпакетҳо

ДУШАНБЕ СИТИ ТУР

Шаҳре, ки дар сабзи боғҳо ва майдонҳо ғарқ мешавад. Фасл: — тамоми сол Ба нарх дохил карда шудааст: — трансфер — чиптаҳои воридшавӣ Давомнокӣ: —

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Маъбади буддоии Аҷинатеппа

Харобаҳои маъбади буддоии Аҷинатеппа ​​(теппаи Иблис) дар қисми ҷанубу ғарбии деҳаи Қизилсойи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд. Ин ёдгории қадимӣ дар 12 -километрии шимоли

Муфассалтар »