Мақбара ва мадрасаи Хоҷа Машҳад

Мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад ва ё “Мақбараи дугона” дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддини ноҳияи Шаҳритӯс ҷойгир шудааст. Ин макон 6 км ҷанубтар аз ноҳияи Шаҳртуз дар самти деҳаи Айваҷ, дар соҳили дарёи Кофирниҳон ҷойгир аст. Мақбараи мазкур дар 150 километрии ҷануби Душанбе ва дар масофаи 25 километр аз сарҳади Ӯзбекистон ва Афғонистон ҷойгир аст. Он ҳамчун яке аз ёдгориҳои дар масири Роҳи Абрешим дар Тоҷикистон мебошад. Да соли 2013 номи ин маҷмааъи меъморӣ ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешбарӣ шуда буд.

Мавҷудияти чунин макон аз он шаҳодат медиҳад, ки Қубодиёни қадим маркази фарҳангу маърифат буд. Гумон меравад, ки нависанда ва файласуфи машҳури тоҷику форс Носир Хусрави Қубодиёнӣ (ст.1004) дар ин мадраса таҳсил кардааст. Бостоншиносон гузориш медиҳанд, ки ин мадраса дар асрҳои IX-X милодӣ сохта шудааст. Бинои мақбара (мақбара) бошад дар паҳлӯи маҷмаа дар асрҳои XI-XII cохта шуда буд. Ривоят мекунанд, ки онро яке аз мубаллиғи сарватманди мусулмон Хоҷа Машҳад, ки аз Эрон ба ин минтақа сафар карда буд аз ҳисоби сарвати худ бунёд намудааст. Пас аз марги худ Хоҷа Машҳад дар назди бино дафн карда шуд. Тақрибан баъди ду аср бошад барой ӯ мақбара бунёд карданд.

Тарҳи меъмории Хоҷа Машҳад

Ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта бо ҳам пайваста боқӣ мондааст. Биноҳои мақбара, масҷид ва айвон (тобистона) дар шимол ва ҷануби айвон ҷойгиранд.. Девори мақбара аз хишти пухта сохта шудаанд. Қисматҳои девори дигари мадраса низ аз хиштҳое сохта шуда буданд, ки ҳангоми ҳафриёт шикаста шуданд. Ҳудуди умумии мадраса (68 x 48 метр) мебошад. Ду бурҷи мудаввар дар кунҷи фасади ҷанубии муҷассамаи равоқдор мавҷуданд. Ковишҳои бостоншиносӣ дар бинои ҳавлии калон ва айвони васеъ гузаронда шудаанд. Қисми мақбараи маҷмаа аз ду бинои дорои гунбади мудаввар иборат аст. Дар тарафи ҷануб деворҳои он равокҳо доранд. Мақбараи шарқӣ пештар (асрҳои IX-X) сохта шудааст. Ин як бинои маъмулии меъмории Осиёи Марказӣ дар асрҳои миёна мебошад.

Дар деворҳои ғарбӣ ва шарқии мақбара дарҳо мавҷуданд. Тафовути ночиз ба монанди ороиш дар деворҳои мақбараи дуюм мушоҳида мешавад. Гумбазҳои ин маҷмааи меъморӣ,аз дур намоёнанд. Ба назар мерасад ки тамоми бинои мадраса бо анбор ба ҳам пайванданд. Масоҳат ва тарҳи дохили бино имкон медиҳад ки сохтори онро аз поя то ба гунбад тамошо кунанд. Нақши а сосиро дар дохили бино гунбаз мебозад, ва рушноие ки аз равзанаи он ба дарун дохил мешавад ба бино намуди тантанавӣ ва боҳашамат медиҳад.

Дар тарафи муқобил ё худ самти шимолии он низ аз хишти хом ва пухта бинои гумбаздори наонқадар калон мавҷуд будаст. Бинои мазкур дар тули асрҳо вайрону валангор гардида аз байн рафтааст. Дар дохили ҳар ду мақбара қабрҳоро ёфтан мумкин аст ва ҳатто тамоми ҳавлӣ бо қабрҳо пур шудааст. Сангҳои қабрҳои харобшуда фарши толорҳои гунбазро пур кардаанд.

Бо мақсади барқарор кардани ин осори бошукӯҳи меъморӣ, тарғиби сайёҳии фарҳангӣ ва маърифатӣ дар ин макон ва ба даст овардани даромад барои аҳолии маҳаллӣ ҳукумати Тоҷикистон барои таҷдиди ин мавзеъҳо сармояҳои дохилию хориҷиро ҷалб кардааст.

Все части зданий построены из жженого кирпича. В двух углах зданий стоят маленькие букетики. На противоположной стороне находились небольшие куполообразное здания из необработанного и жженого кирпича. Это здание было полностью разрушено. Внутри обоих мавзолеев находятся могильные сооружения. Почти вся территория двора усеяна могилами. Полуразрушенные надгробия полностью заполнили куполообразные залы. На сегодняшний день сохранились два здания с высокими куполами, стоящими бок о бок, а между ними находятся остатки портала со хранилищем. В целях восстановления этого великолепного архитектурного памятника, продвижения культурного и образовательного туризма и получения дохода для местных жителей правительство Таджикистана привлекло внутренние и иностранные инвестиции для реконструкции объектов.

Аксҳо

Роҳи сафар ба ин макон

Роҳи асосие ки саёҳон тавасути он ба маҷмааи Хоҷа Машад мерасанд, ин роҳи автомобилгард аз Душанбе ва ё аз Бохтар то маркази ноҳияи Шаҳритӯс мебошанд. Меҳмонон инчуни метавонанд аз маркази Шаҳритӯс таксиҳорокироя кунанд, ки зоиронро ба ин макони муқаддас мебаранд. Ширкатҳои сайёҳӣ аз Душанбе ба Шаҳритуз ва Қубодиён хатсайрҳоро ташкил мекунанд, то саёҳон Хоҷа Машад ва дигар мавзеъҳои таърихиро тамошо кунанд.

Uncategorized

Сайёҳии зиёратӣ

Туризми зиёратӣ дар Тоҷикистон як навъи сайёҳист, ки бо зиёрати макон ва зиёратгоҳҳои динӣ алоқаманд аст. Дар Тоҷикистон чунин ҷойҳо зиёданд, ки сайёҳон аз тамоми

Муфассалтар »
Мехмонхонахо

Hyatt Regency Dushanbe 5*

Ин меҳмонхонаи боҳашамати 5-ситорадор дар соҳили кӯли Комсомол дар маркази Душанбе, ҳамагӣ 10 дақиқа аз фурудгоҳ ва дар наздикии ҳама сафоратхонаҳо, идораҳои давлатӣ ва вазоратхонаҳо

Муфассалтар »
Uncategorized

САФЕДДАРА

Сафеддара — қуллаҳои кӯҳии Тоҷикистон, барфи тоза ва дурахшон, ҳавои тоза ва манзараҳои зебои зимистона мебошанд. Фасл: — декабр-феврал Ба нарх дохил карда шудааст: —

Муфассалтар »