Маъбади буддоии Аҷинатеппа

Харобаҳои маъбади буддоии Аҷинатеппа ​​(теппаи Иблис) дар қисми ҷанубу ғарбии деҳаи Қизилсойи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд. Ин ёдгории қадимӣ дар 12 -километрии шимоли шаҳри Бохтар ҷойгир аст. Он тақрибан 85 км ҷанубтар аз шаҳри Душанбе ва тақрибан 53 км дуртар аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар самти муқобил ҷойгир аст. Баландии мавзеъ тақрибан […]

Мақбара ва мадрасаи Хоҷа Машҳад

Мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад ва ё “Мақбараи дугона” дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддини ноҳияи Шаҳритӯс ҷойгир шудааст. Ин макон 6 км ҷанубтар аз ноҳияи Шаҳртуз дар самти деҳаи Айваҷ, дар соҳили дарёи Кофирниҳон ҷойгир аст. Мақбараи мазкур дар 150 километрии ҷануби Душанбе ва дар масофаи 25 километр аз сарҳади Ӯзбекистон […]

Кофирқалъа

Кофир Қалъа дар асри 1-3 сохта шуда, то асри 8 фаъолият кардааст. Ба гуфтаи таърихшиносон, Кофирқалъа дар асрҳои миёна маркази маъмурии минтақаи Вахш буд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ, ин макон бо номи Ҳалевард, Хеловард, Халавард ва Халовард маълум аст. Калимаи Халевард аз ду калимаи пайваст иборат аст, яъне ‘хале – пароканда’ ва ‘вард – қаср (мисли […]

Тахти Сангин

Тахти Сангин макони машҳури таърихӣ дар тамоми Тоҷикистон аст. Он дар масофаи 34 км дуртар аз ноҳияи Қабодиён дар омезиши ду дарё, яъне Вахш ва Панҷ ҷойгир аст. Пайдоиши он ба асри IV пеш аз милод ва асри III милодӣ рост меояд. Масоати умумии ин мавзеъ 75 гектарро ташкил медиҳад. Тахти Сангин аз ҷумлаи нӯҳто […]

Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ин мақбара ёдгории таърихӣ-бостонӣ асрҳои XIY-XY мелодист, ки дар шаҳри Кӯлоб воқеъ мебошад. Сохтмони ин ёдгории таърихӣ аз санъати хоссаи меъморӣ, ҳунари баланди устоҳои чиррадасти бинокори маҳаллӣ, ки аз тамаддуни ниёгони мардуми минтақа махсусан тоҷикон мебошад, шаҳодат медиҳад. Эътиқоди самимии мардуми маҳаллӣ ба шахсият ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1384) имкон дод, ки ин […]

Мақбараи Хоҷа Шақиқи Балхӣ

Имрӯзҳо ҳар мусофире , ки аз Душанбе ба Данғара ҳаракат мекунад, албатта аз деҳаи бо номи Хоҷа Шақиқи Балхӣ дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғараи мегузарад. Да қисмати ҷанубии ин деҳа дар масофаи тақрибан 2 км аз роҳи калон, дар теппаи баланде мақбараи марди донишманду ориф,яке аз симоҳои намоёни ҷаҳони исломи асри IX шогирди Имоми Аъзам, […]

Мақбараи Мавлоно Обиддин

Мақбараи Мавлоно Обиддин ёдгории таърихист, ки дар қисмати ҷанубу шарқии деҳаи Корези ноҳияи Данғара ҷойгир аст. Мақбара дар замони шӯравӣ хароб карда шудааст. Хишти деворҳои даврони ҳокимияти шуравӣ барои сохтани ҳаммоми колхози «Данғара» истифода шуда буданд. Баъдтар сокинони деҳа атрофи мақбараро маҳкам карданд. Дар соли 1997 бо ташаббуси Идораи давлатии ҳифзи ёдгориҳои Тоҷикистон дар харобаи […]

Қалъаи Мир-и Балҷувон

Қалъаи Мири Балҷувон дар теппае дар маркази ноҳияи Балҷувон, дар соҳили рости дарёи Сурхоб ҷойгир аст. Қароргоҳи Бек, бо қалъаи хурд дар деҳаи иборат аз 300 ҳавлӣ баландии 2720 м аз сатҳи баҳр дар соҳили рости дарёи Қизил-су ё Балҷувондарё ки дар ҷануб ба Амударё ҳамроҳ мешавад, воқеъ гардидааст.Ноҳияи Балҷувон аз шаҳри Душанбе 175 км […]

Мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ

Ин мақбара дар канори Балҷувон байни дарёҳои Сари Мазор ва Тойир, дар деҳаи Сари Мазори шурои деҳоти ба номи Сафар Амиршоев дар ноҳияи Балҷувон ҷойгир аст. Мақбара дар қисмати шарқии маркази ноҳияи Балҷувон дар байни рудҳои Обимазор ва Тоир воқеъ мебошад. Тарҳи меъмории мақбара Бинои мақбара шакли росткунҷа дорад ва аз сафолҳои чоркунҷаи сӯхта сохта […]

Мақбараи Мавлоно Қутбуддини Нишопурӣ

Ин мақбара ба яке аз шахсиятҳои маъруф ва машҳури олами ислом Мавлоно Қутбиддин мансуб буда, 40 километр дуртар аз маркази ноҳия дар ҳудуди маҳаллаи Олучадараи боло ҷамоати Дегтур воқеъ аст. Тарҳи меъмории мақбара Мазор ё ин ки оромгоҳ аз хишти пухтаи бо сифати хуб чиндашуда иборат буда дар маркази он ба таври арка, нимдоира даромадгоҳ […]