Наврӯз

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ҳисобида мешавад, ки таърихи худро аз якум асри то милод саросари сарзамини Форси Қадим  сарчашма гирифтааст, ки Тоҷикистои имрӯза низ ба он дохил мегардад, ва ҷашни баробаршавии шабу рузро муаррифӣ менамояд. Навруз ҷашни аввалин рузи соли нав ва азнавшавии табиат мебошад. Ин рӯз дар аксарияти давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи миёна ҷашн гирифта мешавад, аммо дар Тоҷикистон он аҳамияти махсус дорад.

Имрӯз, зиёда аз ду ҳазор сол пас, Навруз яке аз ҷашнҳои асосии Тоҷикистон боқӣ мондааст. Дар соли 2009 ЮНЕСКО Наврузро ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил кардааст, ва дар соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Асамблеяи Генералии СММ мувофиқи параграфи 49уми рузномаи “Фарҳанги ҷоҳон”, тариқи консенсус, резолютсия “Рузи байналмиллалии Наврӯз” қабул карда шуд.

Наврӯз одатан бо расму оинҳои ва таъомҳои миллӣ, рақсу бозӣ ва тантанаҳо ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз одамон либосҳои анъанавӣ пӯшида таъомҳои миллӣ мепазанд, ки асосиаш суманак, таъом аз гандуми сабзида, ки зиёда аз 12 соат пухта мешавад, мебошад. Ҷашну тантана бо суруду шеърхониҳои анъанавӣ мегузарад ва якчанд рузро дар бар мегирад.

Аксари сайёҳон кӯшиш мекунанд дар тантанаҳои Наврӯзӣ кишварамонро зиёрат кунанд, то ки фарҳанги рангоранг ва манзараҳои зебои ватанамонро таҷриба кунанд. Сайёҳон имкон доранд манзилҳои таърихиро боздид намоянд ва дар усулу анъанаҳои идона худ иштирок кунанд. Аз куҳҳои аҷоиби Помир то ба кӯли ҳайрангези Искандаркӯл, Тоҷикистон минтақаест шумо метавонед фазои Наврӯзро пурра ҳис кунед. Агар таҷрибаи аҷоиб хоҳед, низ Тоҷикистонро дар давраи ҷашнҳони Наврӯзи сафар кунед. Пушаймон нахоҳед шуд!

Uncategorized

Қалъаи Қаҳ-Қаҳа

Қаҳ-Қаҳаи ноҳияи Ишкошим аз маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ дар масофаи 115 км, аз маркази ноҳия дар масофаи 5 км дар самти ҷанубу шарқи дар баландии

Муфассалтар »
Вилояти Суғд

Қасри Арбоб

Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷойгир аст. Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» бо ташаббуси Корманди шоистаи давлатӣ, Қаҳрамони

Муфассалтар »