Мақбараи Имом Ҷафари Содиқ

Мақбараи Имом Ҷафари Содиқ ёдгории таърихию меъмории асри VIII буда, дар наздикии деҳаи Ҳазрати Эмоми мавзеи Болодараи Даштиҷум дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шуробод) воқеъ гардидааст. Мақбараи Имом Ҷафари Содиқ иншооти росткунҷа буда, аз хишти пухта бино гардидааст. Имом Ҷафари Содиқ яке аз пайвандони пайғамбари дини мубини Ислом ҳазрати Муҳаммад салалоҳи алайҳи васаллам мебошад.
Мақбара аз даромадгоҳи начандон васеи бурҷдор ва ду ҳуҷра: зиёратхона ва гӯрхона низ иборат аст, дар ду тарафи зиёратхона суфаҳои начандон баланд мавҷуд аст, ки барои намозгузорӣ истифода мешавад.

Ривояти Мазори Имом

Дар миёни мардум ривояту хотироти зиёде марбут ба зиёрат ва ибодат дар мазор ва мақбараи Имом Ҷаъфари Содиқ дар байни мардуми маҳал мавҷуд аст. Зиёрати ин макони муқаддас дар замони муборизаи давлати Шуравӣ ҳам бар зидди дин қатъ нашудааст. Дар он замон зоироне, ки ба зиёрати ин макони муқаддас мерафтанд дар он ҷо гуспандеро қурбонӣ мекарданд. Дар давраи советӣ ин мақбара аз як бинои хурди паст ва лой иборат будаст. Марқади Эмом дар баланди зиёда аз як метр будаст ва даруни бино бо матое пӯшонида шуда будаст. Дар миёнаи бино тирезае будаст, ки пур аз китобҳои динии кӯҳна буд. Мақбараро дарахтони баланди сафедор иҳота карда буданд. Дар поёни қабр, дар наздикии рӯди Оби Ниёв чашмаи оби сарду ширин ҷорӣ мешуд.

Дар бораи пайдоиши ин мазор чунин нақле ҳам аз шайхони он дар гузашта сабт шудааст. Боре яке аз сокинони муътабару тақводори деҳа бо номи Шайхи Зирак дар хоб мебинад, ки марде аз байни роҳи деҳа аз гур бархоста ба у чунин мегуяд: “Эй мард, ман Имом Ҷаъфари Содиқам ва солҳост, ки дар байни роҳ дар ин тобут хобидаам. Ҳайвонот аз болои тобути ман мегузаранд ва аз ин бисёр нороҳатам. Аз ту хоҳиш мекунам, тобути маро ба ҷои оромтаре интиқол бидеҳ”. Саҳар ин марди солеҳ ки авлодонаш то имрӯз дар Дара дар қайди ҳаётанд, мардуми деҳаро ҷамъ карда, қиссаи дар хоб дидаашро ба онон нақл мекунад. У ҷои мушаххасро ба мардум нишон медиҳад ва мардум роҳро амиқ канда то ба тобут мерасанд. Чун танд тобутро аз гур бароранд, натавонистанд. Бинобар як ҷуфт барзаговро оварда, тобутро ба банд баста, хостанд онро берун кашанд, вале муяссар нашуд. Сипас боз як ҷуфт барзагови дигарро низ илова карданд, вале тобутро аз ҷояш чунбонида натавонистанд.

Муйсафеди солеҳ чун ин корро дид, фармуд сабр кунанд, то у бубинад, ки ҳол чист. Чун шаб Шайхи Зирак ба хоб рафт, Ҳазрати Имомро дид, ки боз бо ӯ дар сухан шуда гуфт: “Тобути маро фақат он як ҷуфт барзаговҳои кабудранги фалон сокини деҳа метавонанд бикашанд. Чун он барзаговҳо тобути маро берун кашиданд, онҳоро озоду мухайяр бимонед, то ба куҷое, ки мехоҳанд, бираванд ва ҳар ҷое, ки бозистоданд, маро дар ҳамон ҷо ба хок биспоред”. Саҳар муйсафед хабарро ба аҳли деҳа расонид ва мар­дум мувофиқи гуфтаи у амал карданд. Он барзаговҳои кабудранг тобутро аз гур кашида, ба ҷои имрузаи мазор кашида оварда, боз истоданд ва одамон тобути Имом Ҷаъфари Содиқро дар ҳамон ҷо ба хок супориданд.Сипас марқаду биное сохта, он ҷойро ба мазор табдил доданд.

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба мақбара

Мусофирон тавассути роҳи калони Душанбе-Хоруғ ба осонӣ ба маркази ин ноҳия мерасанд ва аз Кӯлоб мегузаранд ва ба ағбаи Шӯрообод мебарояд. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мавзеи ҷуғрофии зебо ва ниҳоят хушманзара бо номи Дара мавҷуд аст. Дара номи мувофиқе барои ин мавзеъ интихоб шудааст, ки ниҳоят калон ва тулонӣ буда, азҷануб ба шимол ба масофаи бештар аз 70км доман густурдааст. Қисми болои Дараро, ки мазори Эмом Ҷаъфари Содиқ онҷост, Болодара низ меноманд Аз ибтидои Дара то интиҳояш дар миёнаи он дарёи шухи куҳӣ Оби Ниёв ҷорӣ буда, оби мусаффои он рафта-рафта ба, дарёи Панҷ мерезад.

Мусофирон метавонанд ба мақбара тавасути шоҳроҳи Помир (Душанбе Кулоб Дарвоз Хоруг) сафар намоянд. Роҳе ки ба деҳаи Ҳазрати Эмом меравад аз шоҳроҳ дар наздики дарёи Оби Ниёб ҷудо шуда ба деҳоти Даштиҷум мерасад. роҳи душворгузари ки танҳо мошинҳои боркаш аз он ҷо мегузаранд аз маркази деҳоти Даштиҷум то Лангардара ва аз он ҷо то Масҷиди Ҳазрати дар деҳаи ҳамном  мерасад. Дарозии роҳ аз маркази деҳоттиЛангардараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то  Ҳазрати Эмом 20 км, ва аз деҳа  то маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳи  95 км мебошад. аз тариқи роҳу пайроҳаҳои гаҳе олаку гаҳе хокию сангӣ гузар карда.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Қароқул Ақташ

Хамгашти Ақташ-Қароқул дар километри 95-уми шоҳроҳи Мурғоб-Қароқул ҷойгир буда, водии Бартангро бо доманакӯҳи Мурғоб мепайвандад. Дар ин чорроҳа саёҳон манзараҳои зебои соҳили ҷанубии кӯли Қаракулро

Муфассалтар »
Ҷашнҳо

Наврӯз

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ҳисобида мешавад, ки таърихи худро аз якум асри то милод саросари сарзамини Форси Қадим  сарчашма гирифтааст, ки Тоҷикистои имрӯза низ

Муфассалтар »