Даштиҷум

Мамнунгоҳи давлатии табиии “Даштиҷум” дар нишеби ҷанубии қаторкӯҳи Дарвоз, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ҷойгир аст. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Давлатии Ҷумҳерии Тоҷикистон дар масоҳати 19.7 ҳазор гектар таъсис ёфтааст. Дар масофаи 40 километр аз шаҳри Кӯлоб ва 240 километр аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ин мамнунгоҳ барои муҳофизат ва нигаҳдории шумори охирини комил ва қобилиятноки бузи печшози Морхур ва бузи ёвоии осиёимиёнагӣ дар Осиёи Миёна, ташкил карда шудааст.

Минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз талу пуштаҳои хушманзари ҷангалӣ ва дар баъзе ҷойҳо аз кӯҳҳо иборатанд. Сифатҳои аз ҳама беш хоса ва бештар ифодаёфтаи ин минтақа ин гуногунияти олами наботот ва ҳайвонот ва манзараи беҳамтояш мебошад.

Бо талу пуштаҳои хушманзари ин сарзамин хатсайрҳои сайёҳии пиёдагард гузаронида шудаанд. Аз моҳи ноябр то ба декабр, бо иҷозати мудирияти мамнунгоҳ, дар минтақаи мамнунгоҳ шикори аксӣ (ё худ фотоохота) ба ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд, гузаронидан имконпазир аст.

Вилояти Суғд

Қайроққум

Тақрибан дар дурии 20 км аз шаҳри Хуҷанд яке аз минтақаҳои истироҳатии вилояти Суғд – обанбори Қайроққум ҷойгир шудааст. Ин кӯли сунъи солҳои 50-и асри

Муфассалтар »
Душанбе

Кохи Наврӯз

Кохи Наврӯз дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 14/2, шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Кохи Наврӯз дар маркази пойтахт ҷойгир буда, ба онҷо таввасути таксӣ, автобус, тролейбус рафтан

Муфассалтар »
Осоишгоххо

Осоишгохи «Сатурн»

Осоишгоҳи нави «Сатурн» дар деҳаи Шамбари ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳори соли 2015 ба истифода дода шуд, ба табобати бемориҳои узвҳои меъдаю рӯда, бемориҳои

Муфассалтар »