Қайроққум

Тақрибан дар дурии 20 км аз шаҳри Хуҷанд яке аз минтақаҳои истироҳатии вилояти Суғд – обанбори Қайроққум ҷойгир шудааст. Ин кӯли сунъи солҳои 50-и асри XX барои ҷойгиркуни дар он НБО ва танзими даровардани оббарои Сирдарё сохта шуда буд. Аҳолии маҳаллӣ, ки ба баҳру уқёнусҳои ҷаҳон баромад надоранд, онро “Баҳри Тоҳик” меноманд.

Қиёсан обанбори Қайроққум хеле ҳам бовиқор ба назар менамояд: дарозиаш 55 км, бараш 20 км, чуқурии бештараш 25 метр ва ҳаҷми умумии обаш  4.2 км3-ро ташкил медиҳад. Дарозии сарбани об 1205 метр буда баландиаш 32 метр мебошад. Ғайр аз он дар зимистонҳои сард обанбори Қайроққум метавонад ях бандад, дар тобистон бошад ҳарорати ҳаво ва сатҳи баҳр то 30-35 дараҷа гарм мешавад.

Кӯли сунъи сабаби ба вуҷуд омадани экосистемаи нав дар ин минтақа гардид: баҳр бо моҳиҳои сайди бой гардиданд (шӯртан, зағорамоҳӣ, лаққамоҳӣ, суфмоҳӣ, симмоҳӣ ва ғайра), инчунин дар ин ҷо таваққуфгоҳи паррандаҳои муҳоҷир, ки аз Осиё ба Ҳиндустов ва дигар мамлакатҳо сайр мекунанд, ташкил гардидааст. Обанбори Қайроққум, дар давоми 70 соли мавҷудияташ ба минтақаи оммавии дамгирӣ табдил гардидааст. Саросари соҳили он шифохонаҳо, минтақаҳои истироҳатӣ ва лагерҳои кудакона ҷойгир шудаанд. Ин ҷои мумтозе барои оббозию шиноварӣ ва моҳигирӣ мебошад.

Вилояти Хатлон

Мақбараи Шоҳи Хомӯш

Мақбараи Шоҳи Хомӯш ёдгории таърихию меъмории асри XV-XVI буда. дар деҳаи Лангари ноҳияи Мӯъминобод ҷойгир шудааст. Номи Шоҳи Хомуш дар бисёр маъхазҳои таърихӣ аз асри

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ағбаи Харгушӣ

Гузаргоҳи ағбаи Харгушӣ, дар баландии 4091 то 4344 аз сатҳи баҳр дар қисми шарқии ВМКБ ҷойгир аст. Он як нуқтаи стратегӣ барои пайвастани ду қисмати

Муфассалтар »