Кохи Наврӯз

Кохи Наврӯз дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 14/2, шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Кохи Наврӯз дар маркази пойтахт ҷойгир буда, ба онҷо таввасути таксӣ, автобус, тролейбус рафтан маумкин аст.

Дар шаҳри Душанбе маҷмааи Кохи Наврӯз бо усули меъмории миллӣ соли 2014 бунёд шудааст. Маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, наздики 40 ҳазор метри муррабаъ кори дастии ҳунармандони тоҷик мебошад. Кохи Наврӯз бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018 №356 ба феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаст.

Кохи Наврӯз аз 4 толор иборат мебошад:

  • Толори «Дидор». Даромадгоҳи толор бо нақшу нигори «кундал» оро дода шудааст. Ин толори банкетӣ буда дар деворҳои он гаҷкорӣ дар рӯи оина иҷро шуда, дар он нақшу нигори миллӣ акс ёфтааст. Сақфи он бо рангҳо зебо наққошӣ карда шудааст. Аз ду тараф зинапояи чӯбин бо кандакорӣ оро дода шудааст. Масоҳати толор 1100 метри муррабаъ мебошад.2
  • Толори «Аржанг». Ин толор аз 29 намуд сангҳои нимқиматбаҳои Тоҷикистон (бинобар толори сангин низ мегӯянд) сохта шудааст Дар девор мозаика аз рӯи мусаввараҳои Камолиддин Беҳзод иҷро карда шудааст. Масоҳати толор 1000 метри муррабаъ мебошад.
  • Толори «Гулистон» (толори кандакорӣ низ мегӯянд) намоиши ифтихори кандакории тоҷик мебошад. Дар ин толор бештар аз 6000 метри муррабаъ кандакорӣ дар чӯб бо сардории усто Бурҳон иҷро шудааст. Он 16 сутун дорад. Қандили бузургаш 3 тонна буда булурӣ мебошад. Масоҳати толор 1650 метри муррабаъ мебошад.
  • Толори «Зарандуд» баландтарин толори бино аст. Қандили бузургаш 6 тоннаву 700 кг вазн дошта 1600 чароғак дорад. Дар ҳар як қисми девор рамзи тоҷи заррин бо ҳафт ситораро дидан мумкин аст. Дар сутунҳо (16-то) ва болои он нақшҳо бо тиллои маҳин ороиш дода шудаанд (бинобар толори тиллоӣ низ мегӯянд). Деворҳои толор бо гаҷкорӣ дар оина ва шиша оро дода шудааст. Ҳама кор бо сардории усто Анваршо Ризвонов иҷро карда шудааст.

Кохи Наврӯз маркази фароғатӣ буда, бинои он бо тарзи меъмори сохта шуда, дорои қаҳвахона, мабраз ва Wi-fi, мебошад. Дар Кохи Наврӯз шахсони масъул ва роҳбаладон ба меҳмонон бобати таърихи сохтмони бино ва шаклҳои меъмории он маълумот медиҳанд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Кули Сарез

Нозанин ё Аждаҳои хуфта ва ё нигини кабуди Помир! Бо чунин номҳо кӯли Сарез дар миёни мардуми Помир ва берун аз он машҳур аст. Ин

Муфассалтар »
Мехмонхонахо

Khujand Grand Hotel 4*

Grand Hotel Khujand дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар паҳлӯи Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри опера ва балет ҷойгир аст. Таваққуфгоҳи хусусии ройгон мавҷуд

Муфассалтар »
Вилояти Суғд

Искандаркӯл

Яке аз минтақаҳои зебоманзартарини куҳҳои Фон – Искандаркӯл, ки ба муносибати Искандари Мақдунӣ, ки мувофиқи ривоятҳо онро зиёрат кардааст, номгузор карда шудааст. Ин кӯли афсонави

Муфассалтар »