Боғи Ғалаба

Боғи Ғалаба дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.

Боғи Ғалаба соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд гардидааст. Ин боғ бо лоиҳаи меъморон Б.А. Зуҳурдинов, А.М. Шербинин, ҳайкалтарош Д.Б. Рябичев сохта шудааст.

Даромадгоҳи асосии боғ ба сӯи ёдгориҳо аз кӯчаи «Дӯстии Халқҳо» сар шуда, ба воситаи кӯчабоғи зинапоядори сайругаштӣ ба маркази боғ — майдони намоиш ва оташи абадӣ мерасад. Муаллифон маҷмааро чунон моҳирона эҷод кардаанд, ки тамоми маҷмаа аз тарафи шаҳр, кӯчаҳо, майдонҳову минтақаҳои алоҳидаи он хеле хуб дида мешавад. Меъморон ҳангоми кашидани лоиҳа нақшаи аниқи ҳаракати тамошобинонро фикр кардаанд.

Маҷмааи Боғи Ғалаба бо зебоии меъморӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст ва дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон саҳми арзанда дорад. Дар ин ҷо ҳамасола 9 май намоиши паради ҳарбӣ баргузор мешавад. Боғи Ғалаба ҷойи дӯстдоштаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он мебошад

Дар гирду атрофи Боғи Ғалаба қаҳвахона, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо ва мабраз мавҷуд аст, ки меҳмонон метавонанд истифода намоянд.

Uncategorized

Қалъаи Ҳисор

Қалъаи Ҳисор — ёдгории қадимаи Осиёи Марказӣ мебошад. Он зиёда аз 3000 сол дорад ва он ҳамагӣ дар 30 км аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Мақбараи Имом Ҷафари Содиқ

Мақбараи Имом Ҷафари Содиқ ёдгории таърихию меъмории асри VIII буда, дар наздикии деҳаи Ҳазрати Эмоми мавзеи Болодараи Даштиҷум дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шуробод) воқеъ

Муфассалтар »
Турпакетҳо

ДУШАНБЕ СИТИ ТУР

Шаҳре, ки дар сабзи боғҳо ва майдонҳо ғарқ мешавад. Фасл: — тамоми сол Ба нарх дохил карда шудааст: — трансфер — чиптаҳои воридшавӣ Давомнокӣ: —

Муфассалтар »