Боғи Ғалаба

Боғи Ғалаба дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад.

Боғи Ғалаба соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд гардидааст. Ин боғ бо лоиҳаи меъморон Б.А. Зуҳурдинов, А.М. Шербинин, ҳайкалтарош Д.Б. Рябичев сохта шудааст.

Даромадгоҳи асосии боғ ба сӯи ёдгориҳо аз кӯчаи «Дӯстии Халқҳо» сар шуда, ба воситаи кӯчабоғи зинапоядори сайругаштӣ ба маркази боғ — майдони намоиш ва оташи абадӣ мерасад. Муаллифон маҷмааро чунон моҳирона эҷод кардаанд, ки тамоми маҷмаа аз тарафи шаҳр, кӯчаҳо, майдонҳову минтақаҳои алоҳидаи он хеле хуб дида мешавад. Меъморон ҳангоми кашидани лоиҳа нақшаи аниқи ҳаракати тамошобинонро фикр кардаанд.

Маҷмааи Боғи Ғалаба бо зебоии меъморӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст ва дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон саҳми арзанда дорад. Дар ин ҷо ҳамасола 9 май намоиши паради ҳарбӣ баргузор мешавад. Боғи Ғалаба ҷойи дӯстдоштаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он мебошад

Дар гирду атрофи Боғи Ғалаба қаҳвахона, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо ва мабраз мавҷуд аст, ки меҳмонон метавонанд истифода намоянд.

Uncategorized

Кӯли Булункул ва Гейзер

Яке аз кӯлҳои дигари Помир, ки дар руйхати маконҳои саёҳии муайяншуда воридшудааст, Булункӯл мебошад. Ин кӯли начандон калон дар баландии 3700 метр аз сатҳи баҳр

Муфассалтар »
Душанбе

Боғи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

Боғи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст. Боғи мазкур макони асосии боздиди сайёҳон дар  шаҳри Душанбе буда, ҳамчун

Муфассалтар »