Кӯҳи Чилдухтарон

Яке аз зеботарин ҷойҳои табиии ҷануби Тоҷикистон кӯҳи Чилдухтарон аст. Он дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлони Тоҷикистон, тақрибан дар 250 километрии ҷануби Душанбе ҷойгир аст. Кӯҳи Чилдухтарон дар масофаи 28 км қисмати шимолии маркази ноҳияи Мӯъминобод назди деҳаи Дашти ар-ар ҷой гирифтааст. Он аз харсангҳои аҳромшакли то 60 метр баланд иборат буда, ки дар натиҷаи […]

Сарбанди НБО Норак

Сарбанди НБО Норак дар шаҳри Норак ҷойгир шудааст. Баландии сарбанди НБО Норак — 300 метр (то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба шумор мерафт). Нерӯгоҳи барқии ба номи Турсун Ӯлҷабоев НБО Норак – дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 […]

Мамнӯъгоҳи таърихии Қалъаи Ҳисор

Мамнӯъгоҳи таърихии Қалъаи Ҳисор дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Ҳисор, деҳаи Ҳисор ҷойгир шудааст. Ба Мамнӯъгоҳи таърихии Қалъаи Ҳисор бо воситаи автомобил, автобус рафтан мумкин аст. «Мамнўъгоњи таърихию фарњангии  Њисор»  муассисаи давлатӣ буда, осорхонаест зери фазои кушод ва ќимати бењамтои таърихї, бостонї ва меъмориро бархурдор аст.    Дар ду тарафи дарвозаи асосии арк ду бурљи баланди […]

Табобатгоҳи Оби Гарм дар шаҳри Роғун

Табобатгоҳи Оби Гарм дар аз маркази шаҳри Роғун дар масофаи 2,2 км дар шафати роҳи Душанбе-Лахш-Ош ҷойгир шуда аст. Ба табобатгоҳ бо воситаи автомобил рафтан мумкин аст. Оби гарм аз чуқурии 300 метр ба боло мебарояд, ки ҳарорати 75оС мебошад. Он обро дар зарфи махсуси бетонии калон нигоҳ медоранд, то ки ҳарораташ та 35-40 оС […]

Дараи Варзоб

Дараи Варзоб дар наздикии бевоситаи шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Дар ин самт шумо метавонед ҳаловат баред аз истироҳат дар лаби дарёи сарду шӯхи Варзоб ва ё дар яке аз ҳавзҳои мавзеъҳои истироҳатии бешумор оббозӣ кунед. Ин дара ҳамаги дар масофаи якчанд километр аз шаҳр сар мешавад, бинобар ин ҳатто барои сайёҳон ва меҳмононе, ки ба […]

Боғи Ғалаба

Боғи Ғалаба дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Боғи Ғалаба соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд гардидааст. Ин боғ бо лоиҳаи меъморон Б.А. Зуҳурдинов, А.М. Шербинин, ҳайкалтарош Д.Б. Рябичев сохта шудааст. Даромадгоҳи асосии боғ ба сӯи ёдгориҳо аз кӯчаи «Дӯстии Халқҳо» сар шуда, ба воситаи кӯчабоғи зинапоядори сайругаштӣ ба маркази […]

Боғи Садриддин Айнӣ

Боғи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ дар қисми шимолӣ ҷойгир шудааст. Боғи Садриддин Айнӣ боғи фарҳангию фароғатӣ, ки соли 1960 дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе бунёд шудааст. Масоҳати тамоми боғ 6 гектарро ташкил медиҳад. Хиёбони асосии боғ ба қисмати мудаввар мебарад, ки аз он ҷо гулгашти тӯлонӣ оғоз ёфта, […]

Чойхонаи Роҳат

Дар маркази пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир шудааст. Чойхонаи Роҳат дар маркази пойтахт ҷойгир буда, ба онҷо таввасути таксӣ, автобус, тролейбус рафтан мумкин аст. Чойхонаи “Роҳат” соли 1958 сохта шудааст. Меъмори бино Константин Николаевич Терлетский, муҳандис Даниил Давидович Гедлин ва устои халқии тоҷик Мирзораҳмат Олимов мебошанд. Доштан ва будани чойхона дар шаҳрҳои шарқӣ ҳам […]

Китобхонаи миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Теҳрон ҷойгир аст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе воқе буда, ба онҷо бо воситаи автомобил, автобус, тролейбус сафар кардан имконпазир аст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии […]

Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Теҳрон ҷойгир аст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе воқе буда, ба онҷо бо воситаи автомобил, автобус, тролейбус сафар кардан имконпазир аст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрӣ таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии […]