Дар маркази пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир шудааст.

Чойхонаи Роҳат дар маркази пойтахт ҷойгир буда, ба онҷо таввасути таксӣ, автобус, тролейбус рафтан мумкин аст.

Чойхонаи “Роҳат” соли 1958 сохта шудааст. Меъмори бино Константин Николаевич Терлетский, муҳандис Даниил Давидович Гедлин ва устои халқии тоҷик Мирзораҳмат Олимов мебошанд.

Доштан ва будани чойхона дар шаҳрҳои шарқӣ ҳам боиси ифтихори шаҳрдорӣ ва ҳам боиси ифтихори шаҳрвандон аст. Ва дар чойхона шиштан низ маданият аст. Он ҷо чун чой суҳбат гарму доғ аст ва ҳар нафаре, ки вориди ин манзил мегардад, доғи суҳбати мусоҳибе аст, ки интихоб намудааст.

Дар чойхона Мусиқии ороми миллӣ мешунаванд. Чойхона як мактаби бузурги илм, фарҳанг, сиёсат ва таъриху тамаддун аст. Ҷое, ки дар он ҷо тамаддун поя гузошта мешавад ва ин ҷо на минбарҳои баланд аст, балки ҳамин гуна ҷойҳои оддӣ аст, ки тамаддунҳо аст ва он тамаддун дар асоси тамаддуни бостон ба вуҷуд омада, бо чойхона барин ҷойҳои умум решапайванд мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *