Қасри Арбоб

Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷойгир аст.

Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» бо ташаббуси Корманди шоистаи давлатӣ, Қаҳрамони ду каратаи меҳнати сотсиалистии Иттиҳоди Шўравӣ- Саидхоҷа Ўрунхоҷаев сохта шудааст.  Маҳз дар ҳамин Қаср соли 1992 сессияи ҳаётбахши таърихӣ барои халқи Тоҷикистон – Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ баргузор гашт, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Қаср айни ҳол ҳамчун иншооти таърихӣ ва мавзеи тамошобобу сайёҳии сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ ва дигар минтақаҳо маҳсуб меёбад.

Дар гирду атрофи қаср иншооти зарурӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳон сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамзамон, дар гирду атроф қаҳвахона ва ошхонаҳо мавҷуд аст.

Вилояти Суғд

Ҳафткӯл

Дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд, дар дараи дарёи Шинг, дар қисми шарқии кӯҳҳои Фон силсилаи аҷибе иборат аз ҳафт кӯли Марғузор ҷой гирифтааст. Кӯли ҳафтуми

Муфассалтар »
Душанбе

Боғи Садриддин Айнӣ

Боғи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ дар қисми шимолӣ ҷойгир шудааст. Боғи Садриддин Айнӣ боғи фарҳангию фароғатӣ, ки соли

Муфассалтар »
Осоишгоххо

Осоишгохи «Хоча Оби Гарм»

Осоишгохи Хоча Оби Гарм соли 1934 ташкил ёфта буд. Осоишгоҳ дар 50 километрии шимоли Душанбе дар қисми марказии нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар баландии 1940-1960

Муфассалтар »