Қасри Арбоб

Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷойгир аст.

Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» бо ташаббуси Корманди шоистаи давлатӣ, Қаҳрамони ду каратаи меҳнати сотсиалистии Иттиҳоди Шўравӣ- Саидхоҷа Ўрунхоҷаев сохта шудааст.  Маҳз дар ҳамин Қаср соли 1992 сессияи ҳаётбахши таърихӣ барои халқи Тоҷикистон – Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ баргузор гашт, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Қаср айни ҳол ҳамчун иншооти таърихӣ ва мавзеи тамошобобу сайёҳии сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ ва дигар минтақаҳо маҳсуб меёбад.

Дар гирду атрофи қаср иншооти зарурӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳон сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамзамон, дар гирду атроф қаҳвахона ва ошхонаҳо мавҷуд аст.

Мехмонхонахо

Sugdiyon Hotel 3*

Меҳмонхонаи «Суғдиён» дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Он дорои маркази фитнесс, боғ, утоқи муштарак ва тарабхона мебошад. Кабулгох 24 соат кор мекунад. Дар саросари амвол

Муфассалтар »
Uncategorized

САФЕДДАРА

Сафеддара — қуллаҳои кӯҳии Тоҷикистон, барфи тоза ва дурахшон, ҳавои тоза ва манзараҳои зебои зимистона мебошанд. Фасл: — декабр-феврал Ба нарх дохил карда шудааст: —

Муфассалтар »
Мехмонхонахо

Hotel Shumon 3*

Меҳмонхонаи «Шумон» дар шаҳри Душанбе, дар масофаи 2,9 км аз роҳи кабелии Душанбе ҷойгир аст. Он дорои маркази фитнесс, таваққуфгоҳи ройгони хусусӣ, тарабхона ва бар

Муфассалтар »