Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»

Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар водии Ҳисор, 25 км дар самти шимолу ғарбӣ аз шаҳри Душанбе дар баландии 1150 м., дар мавзеи хушманзари қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар назди деҳаи Шоҳамбарӣ ҷой гирифтааст.

Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» бо таркиби физикӣ-кимиёвӣ, бо хосиятҳои шифобахшии худ дар радифи обҳои маъдани Есентукӣ, Боржомӣ ва ғайраҳо меистад. Таркиби ин оби шифоӣ намак, сулфат, хлорид, гидрокарбонат, натрий дорад ва ҳарораташ 33-36 дараҷа гарм мебошад. Он барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҳаракат ва такягоҳ, асаб, амрози занона, қанд (дараҷаи якум ва дуюм), ҷоғар, пӯст ва ғайраҳо давои беҳтарин аст. Истифодаи васеи оби маъдани «Шоҳамбарӣ» аз чашмаи якум, ки маъданнокиаш 2,0- 3,5 г/литр мебошад, ҳангоми муолиҷаи беморон берун аз шароити шифохона ниҳоят мувофиқ аст.

Осоишгоҳ дорои 500 ҷойи хоб дар масоҳати 17 гектар воқеъ аст.

Бори нахуст соли 1952 тавассути пармачоҳҳо оби шифобахши мавзеи Шоҳамбарӣ кашф карда шуда барои табобати мардум ба кор шурӯъ намудааст. Соли 1986 пармачоҳҳои нави оби шифобахш кофта шудаанд. Соли 1990 бинои 5 қабатаи нави осоишгоҳ сохта шуд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ағбаи Харгушӣ

Гузаргоҳи ағбаи Харгушӣ, дар баландии 4091 то 4344 аз сатҳи баҳр дар қисми шарқии ВМКБ ҷойгир аст. Он як нуқтаи стратегӣ барои пайвастани ду қисмати

Подробнее »
Ҷашнҳо

Сада

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Сада дар кишвари мо ҳар сол 30 январ расман

Подробнее »