Кӯҳҳои Фон

Кӯҳҳои Фон – сарзамини ҳайратангезе мебошад, ки дар ҷои васли ду қаторкӯҳи азим: Помир-Алой ва Ҳисор. Дар ин минтақа кӯлҳои фирӯзаранг ва зумуррадранг, пиряхҳо ва дарёҳои пурмавҷ, дараҳои кӯҳи ва ағбаҳо ба назари сайёҳон манзараҳои худро аён месозанд.

Аз сабаби он ки дар ин минтақа роҳҳои нақлиётии муосир дастрасанд (байни Душанбе ва ноҳияҳои дараи Зарафшон, инчунин пайвасти роҳи бо Самарқанд), Куҳҳои Фон минтақаи машҳури сафарҳои пиёда, экотуризм ва варзишҳои шадид мебошад. Обу ҳавои ин минтақа гарм ва устувор мебошад.

“Ман қалби худро дар кӯҳҳои Фон мондаам, акнун ман бе дил тайъи дашт мекунам…” Ин сатрҳоро Юрий Визибор навиштааст. Дар давраҳои Шӯравӣ, кӯҳҳои Фон дар байни сайёҳон ва кӯҳнавардони тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бениҳоят машҳур буд. Айни замон бошад ба ин минтақаи хушманзан бештар сайёҳони хориҷи дур бештар зиёрат менамоянд.

Зиёратгоҳҳои асосии кӯҳҳои Фон ин якчанд минтақаҳои дорои кӯлҳо мебошанд. Ҳамчун нуқтаи оғози сайр ва базаи хатсайрҳҳо шаҳри Панҷакентро интихоб намудан қулайтар аст, ки дар онҷо метавон лавозимоти даркориро дастрас кард ва лавозимоти нодаркорро бароҳи нигаҳдори дар меҳмонхонаҳо боқи монд, инчунин нақлиёти лозимаро метавон дастрас кард.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Қароқул Ақташ

Хамгашти Ақташ-Қароқул дар километри 95-уми шоҳроҳи Мурғоб-Қароқул ҷойгир буда, водии Бартангро бо доманакӯҳи Мурғоб мепайвандад. Дар ин чорроҳа саёҳон манзараҳои зебои соҳили ҷанубии кӯли Қаракулро

Муфассалтар »
Осоишгоххо

Осоишгохи «Сароб»

Дар Сароб шумо метавонед аз истироҳати фароғат баҳравар шавед ва ба саломатӣ фоидаи ҳадди аксар ба даст оред. Осоишгоҳ имкон медиҳад, ки аз мушкилот ва

Муфассалтар »