Боғи Парчами миллӣ

Боғи Парчами миллӣ соли 2012 бунёд шудааст ва масоҳаташ 16,68 га мебошад. Боғи Парчами миллӣ дар шаҳри Душанбе, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.

Боғи Парчами миллӣ дар макази шаҳри Душанбе воқеъ буда,  меъмориҳои вижааш аз дигар боғҳои шаҳр фарқ мекунад. Боғ ду дарвозаи мунаққаш дорад − яке аз самти «Қасри Миллат» ва дигаре аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ. Маркази боғро Парчами Миллӣ (баландиаш 165 м.) оро медиҳад.

Дар ҳошияи Парчами Миллӣ кӯли бузургест, ки дар миёнҷояш буфету қаҳвахона дорад ва дар соҳилаш 10 қаиқча барои ҳавасмандони шиноварӣ омодааст. Дар атрофу дохили боғ, аз ҷумла, дар назди Парчами Миллӣ фаввораҳо сар мекашанд; дар атрофи парчам чароғҳои баландшиддат гузошта шудаанд, ки шабона тобиши ҷолибе доранд. Дар боғ майдони варзишие низ муҳайё аст, ки дар миёнҷояш муҷассамаи уқоби болкушода устувор аст.

Дар боғ беш аз 10 ҳазор бех (аз 50 намуд) дарахтони сояафкану гулбар шинонда шудааст. Роҳраву гулгаштҳои боғ то 4 км тӯл кашидаанд. Дар атрофи гулгашти бузурги боғ, дар назди Осорхонаи миллӣ 31 муҷассамаи номоварони таърихи миллат, ба монанди Куруши Кабир, Ҷамшед, Шоҳи Каёниён, Шоҳи Кушониён, Низомулмулк, Сарлашкари Суғд — Шоҳ Ҳусейн, Шоҳи Хатлон, Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон. қомат афрохтаанд. Барои сайругашти меҳмонон мошинҳои махсус омодаанд. Дар боғ 8 ҳавз мавҷуданд, ки дар миёнҷойи ҳар кадом қаҳвахона сохта шудааст.

Боғи парчами миллӣ макони  боздиди сайёҳон ба ҳисоб меравад, ки  дар  шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.  Дар гирду атрофи боғ қаҳвахона, ошхона ва мабраз ва барои истифодаи васеъи иттилоот Wi-Fi мавҷуд аст.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Кули Сарез

Нозанин ё Аждаҳои хуфта ва ё нигини кабуди Помир! Бо чунин номҳо кӯли Сарез дар миёни мардуми Помир ва берун аз он машҳур аст. Ин

Муфассалтар »
Мехмонхонахо

Childukhtaron Hotel

Дар қалби кӯҳҳо ва мавзеи зебо меҳмонхонаи 5-ошёнаи «Чилдухтарон» бо тамоми шароити хизматрасонии ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир бунёд шудааст, ки имконияти дар як вақт қабул

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Расадхонаи Шорбулоқ

Расадхонаи Шорбулоқ барои санҷидани Офтоб дар баландтарин нуқта дар собиқ Итиҳоди Шуравӣ дар баландии 4370 метр аз сатњи баҳа сохта шудааст. Дар он давра ин

Муфассалтар »