Қасри Арбоб

Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷойгир аст.

Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» бо ташаббуси Корманди шоистаи давлатӣ, Қаҳрамони ду каратаи меҳнати сотсиалистии Иттиҳоди Шўравӣ- Саидхоҷа Ўрунхоҷаев сохта шудааст.  Маҳз дар ҳамин Қаср соли 1992 сессияи ҳаётбахши таърихӣ барои халқи Тоҷикистон – Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олӣ баргузор гашт, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Қаср айни ҳол ҳамчун иншооти таърихӣ ва мавзеи тамошобобу сайёҳии сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ ва дигар минтақаҳо маҳсуб меёбад.

Дар гирду атрофи қаср иншооти зарурӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳон сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамзамон, дар гирду атроф қаҳвахона ва ошхонаҳо мавҷуд аст.

Ҷашнҳо

Меҳргон

Иди Меҳргон, дар баробари Иди Наврӯз, яке аз ҷашнҳои муҳими фарҳанги ориёӣ ба ҳисоб меравад ва бо зич пайваста аст. Агар Наврӯз ин рӯзи баробаршавии

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ривояти Яшилкӯл

Аҳолии тоҷики муқими ноҳияи Мурғоб низ ин кӯлро Суманкӯл меноманд. Тибқи ҳикоя духтаре бо номи Суман бо як писари хурдсол вомехӯрад ва онҳо ошиқ шуда,

Муфассалтар »
Вилояти Суғд

Муғтеппа

Дар шимоли Тоҷикистон шаҳри Истарафшан ҷойгир аст, ки дар асли VI то мелод таъсис дода шудааст. Имруз ин маркази сайёҳи буда меҳмононро бо масҷидҳои қадима,

Муфассалтар »