Пиряхи Грумм- Грижимайло

Грумм-Гржемайло пиряхест дар водиҳои Помири марказӣ. Он аз пояи қуллаи Инқилоб ва нишебиҳои қаторкӯҳи Язгулем сар мешавад. Ин пирях пас аз Федченко дуввумин пиряхи калонтарини Помир аст. Пиряхи Грумм-Гржемайло дар водии Танимас, дар Помир ҷойгир аст. Дарозии пирях 37 км буда, масоҳати 142,9 кв. км, баландии охири он 3610 метр аст. Қисмати асосии пирях дар ҷануби водии Танмас ҷойгир аст, ва бевосита бо қаторкӯҳи гурӯҳи ҷанубии пиряхи Федченко ҳамсарҳад аст.

Пиряхи Грумм-Гржемайло даҳто шохоби чап ва панҷ шохоби рост дорад. Бисёр шохобҳои пиряхи Грумм-Гржемайло, дар навбати худ, аз омезиши якчанд шоха ба вуҷуд омадаанд. Аз замони кашфи худ дар соли 1887 то мушоҳидаҳои мукаммали он дар соли 1928 баландии пирях афзоиш ёфтааст. Аз сабаби мавҷуд будани бисёр тарқишҳо ва пирамидаҳо, ки дар натиҷаи обшавии нобаробар ба вуҷуд омадаанд, гузаштан аз сатҳи пирях душвор аст. Ҷараёни кӯтоҳ, вале пуроби пирях ба дарёи Танимас, шохоби дарёи Бартанг ҷорӣ мешавад.

Дар соли 1887 гурӯҳи муҳаққиқон-аъзоёни экспедитсия таҳти роҳбарии Г.Е. Грумм-Гржемайло водии Танимасро таҳқиқ карда, дар харита забонҳои чанд пиряхро қайд карданд. Соли 1925 муҳаққиқи дигари рус Корженевский ба водии Танмас расид, то ташаккули пиряхҳоро дар наздикии пиряхи Федченко омӯзад. Яке аз ин пиряхҳоро сокинони маҳаллӣ Муз-Кулак номиданд. Ин пиряхро соли 1928 аввалин экспедитсияи Помир пурра омӯхт Дар соли 1928, олмониҳо, аъзои экспедитсияи Академияи илмҳои СССР, номи пиряхи Муз-Кулакро ба Нотгейминшафт (бо чунин ном дар чанд харитаҳои кӯҳна нишон дода шудаанд) иваз карданд. Соли 1948 Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон бо дархости Ҷамъияти географии СССР пиряхи Муз-Кулакро ба номи кашофи он Григорий Евгенович Грумм-Гржемайло гузошт, ки ӯ ин пиряхро дар соли 1887 кашф кард

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба пиряхи Грум- Грижимайло

Ҳангоми сафар ба пиряхи Грумм-Грижимайло cаёҳон аз тамошои табиати зебои ин минтақа лаззат мебаранд. Дар миёни саёҳон ду хати сайр ба тарафи ин пирях маъмуланд. Роҳи аввал аз деҳаи Пои Мазори ноҳияи Ванҷ сар шуда то шаҳраки кӯҳнавардон Хрустальный мерасад. Сипас ин роҳи пиёдагард ба пиряхи Хирсон (Медвежий) мебарояд. Пас аз гузаштани пиряхи хирси Хирсон (Медвежий) саёҳон аз истироҳат дар кабудизори пур аз бӯи гулҳо ва ҳавои тозаи кӯҳ баҳравар хоҳанд шуд. Онҳо инчунини дигар метавонанд мурғони кӯҳӣ – ва галаи бузҳои куҳиро тамошо намоянд.

Шунидани садои мусиқимонанди навъҳои паранда ки дар болои кӯҳҳо лона мегузоранд барои саёҳон хеле ҷаззоб хоҳад буд.Онҳо метавонанд уқобҳои баландпарвозро дар болои кӯҳҳо тамошо кунанд. Ҳудуди олами наботот, дар назди сангпораҳо, ки дар натиҷаи ҳаракати пиряхҳо ба вуҷуд омадаанд ба поён мерасад. Ин охирин минтақаи растаниҳо аст, ки пур аз эделвейс аст.
Хатсайри дигар ба пиряхи Грумм-Гржимайло аз деҳаи Пасор дар водии Бартанг оғозмешавад. Ин роҳи пиёдагарди душворгузар тавасути паироҳаи тани Хафраздара дар муддати 3 рӯз тул мекашад ва то поёни пирях мерасад.

Осоишгоххо

Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»

Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар водии Ҳисор, 25 км дар самти шимолу ғарбӣ аз шаҳри Душанбе дар баландии 1150 м., дар мавзеи хушманзари қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар назди

Муфассалтар »