Гармчашма

Гармчашма яке аз маъмултарин чашмаи гарми шифоҳбахш ва истироҳатгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин чашма дар самти ҷанубу шарқии Помир дар н. Ишкошим дар баландии 2529 метр (2325 м ) аз сатҳи баҳр ва 48 км аз маркази ВМКБ ш. Хоруғ дар самти шарқ дар ноҳияи Ишкошим ҷойгир аст. Аз маркази ноҳия то чашма 73 км аст. Аз хамгашти роҳи асосии мошинагард то чашма 7-8 км роҳи мошингард аст. Ин роҳи мошингард кўтали начандон баланд дорад.

Хусусиятҳои хоси табии Гармчашма

Оби чашма дар таркиби худ сулфиди карбонат, хлорид-гидрокарбонат, кремнийи натрий дорад. Таркиби сулфиди гидроген дар об 170 мг / л аст. Ҳарорати миёнаи об 59 ° C Минерализатсияи умумӣ ба 3,0 – 3,3 г / л мерасад. Оби чашми барои табобат кардани дардҳои пўст (псориаз) дилураг, бемории асабӣ ва генекологӣ фоида дорад. Иқлими Гармчашма дар тобистон ҳавои хушки форам ва камбориш буда, боди суст мевазад. Таркиби ҳавояш аз ионҳои манфӣ бой буда, фазои софу беғубор дорад. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво 6,70 °C буда дар тобистон 160 0С, дар зимистон 6,60 °C мебошад. Ҳавои аз ҳама гармтарин 35 °C, ҳавои хунуктаринаш 32 °C мебошад.

Чашма дар маркази деҳаи Гармчашма ҷойгир буда, санаторияи давлатӣ ба шумор меравад. Ин санатория соли 1957 дар он ҷое, ки оби гарм аз замин мебарояд сохта шудааст. Дар гирду атрофи чашма меҳмонхонаҳои замонавӣ, ошхонаҳо, хонаҳои истиқоматӣ сохта шудаанд. Дар назди чашма аниқтараш аз ақиби ҳавзҳои он ғорҳои начандон калон астанд, ки дар дохилашон оҳаксанги сафеди хушк аст, ки онро маризон ҳамчун дору бо худ гирифта мебаранд. Дар натиҷаи кофтану гирифтани оҳаксанги хушк, дар камари теппаи чашма ғорҳо пайдо шудаанд.

Ривоятҳо оид ба Гармчашма

Дар миёни мардум ривояте дар шаклҳои гуногун боқӣ мондааст, ки тибқи он ин чашма ба таври мўъҷизавӣ пайдо шудааст. Мувофиқи яке аз шаклҳои ривоят дар он ҷойе, ки ҳозир чашма аст аждаҳор ё алмастие маскун будааст. Бо амри Худованд ду шахси бузургу каромотӣ аз кўҳи Чилмеҳроб зуҳур мекунанд. Яке аз он шахсон Пури Шоҳ ном доштааст. Пури Шоҳ ба шахси дигар гуфтааст, ки шумо дар инҷо монеду ман барои куштани аждаҳор меравам. Агар шуду дуди сиёҳ барояд донед, ки ман мағлуб шудам вале агар дуди сабз донед, ки ман аждаҳорро куштаам. Сипас шамшерро гирифта ба ҷанги аждаҳор меравад. Баъди чанд муддат мебинанд, ки аз маскани аждаҳор дуди сабз мебарояд. Мефаҳманд, ки Пури Шоҳ аждаҳорро куштааст. Дар натиҷаи куштани аждаҳор шамшер ва либоси Пури Шоҳ хунолуд мешавад. Барои шустани шамшеру либосаш дар ин мавзеъ қатраи обе набудааст.

Пури Шоҳ бо шамшер ба санги калон мезанад. Санг ду ним мешавад ва аз дохили шикофи оби гарм (Гармчашма) фавора зада мебарояд. Санги начандон калони даврашаклро гирифта онро ба собун табдил медиҳад ва бо он Пури Шоҳ шамшеру либоси худро шуста тоза карда боз ғайб мезанад. Собунаш боз ба санги кулула табдил меёбад, ки то кунун дар остон онро мондаанд. Аз ҳамон давра ин чашма пайдо шудааст ва мардуми сокини гирду атрофи ин чашма дар он ҷойи санге, ки Пури Шоҳ бо шамшер задааст ба зиёратгоҳ табдил додаанд ва ин зиёратгоҳ (остон) то кунун бо номи Пури Шоҳ маъруф аст.

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба Гармчашма

Ба Гармчашма тавассути такси ё микроавтобуси маҳаллӣ, ки аз Хоруғ ба Ишкошим меравад, метавон ба осонӣ расид. Меҳмононе, ки аз Мурғоб мераванд, метавонанд ба осоишгоҳ аз роҳи мошингарде, ки аз аз Мурғоб тавасути Ишкошим ба Гармчашма оянд.

Uncategorized

Қуллаи Энгельс

Қуллаи Энгельс дар қисми марказии қаторкӯҳи Шоҳдара ” дар ҷанубу ғарби Помири Тоҷикистон дар баландии 6510 м ҷойгир аст. Дар пойгоҳи шимолии қулла пиряхи Назпар

Муфассалтар »
Uncategorized

Шаҳри Карон

Харобаҳои шаҳри қадимии шаҳри Карон дар деҳаи Рузваи ноҳияи Дарвози ВМКБ дар масофаи 8,5 км аз маркази ноҳия дар баландии 1500-1700 метр аз сатҳи баҳр,

Муфассалтар »
Мехмонхонахо

Khujand Grand Hotel 4*

Grand Hotel Khujand дар маркази шаҳри Хуҷанд, дар паҳлӯи Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри опера ва балет ҷойгир аст. Таваққуфгоҳи хусусии ройгон мавҷуд

Муфассалтар »