Қайроққум

Тақрибан дар дурии 20 км аз шаҳри Хуҷанд яке аз минтақаҳои истироҳатии вилояти Суғд – обанбори Қайроққум ҷойгир шудааст. Ин кӯли сунъи солҳои 50-и асри XX барои ҷойгиркуни дар он НБО ва танзими даровардани оббарои Сирдарё сохта шуда буд. Аҳолии маҳаллӣ, ки ба баҳру уқёнусҳои ҷаҳон баромад надоранд, онро “Баҳри Тоҳик” меноманд.

Қиёсан обанбори Қайроққум хеле ҳам бовиқор ба назар менамояд: дарозиаш 55 км, бараш 20 км, чуқурии бештараш 25 метр ва ҳаҷми умумии обаш  4.2 км3-ро ташкил медиҳад. Дарозии сарбани об 1205 метр буда баландиаш 32 метр мебошад. Ғайр аз он дар зимистонҳои сард обанбори Қайроққум метавонад ях бандад, дар тобистон бошад ҳарорати ҳаво ва сатҳи баҳр то 30-35 дараҷа гарм мешавад.

Кӯли сунъи сабаби ба вуҷуд омадани экосистемаи нав дар ин минтақа гардид: баҳр бо моҳиҳои сайди бой гардиданд (шӯртан, зағорамоҳӣ, лаққамоҳӣ, суфмоҳӣ, симмоҳӣ ва ғайра), инчунин дар ин ҷо таваққуфгоҳи паррандаҳои муҳоҷир, ки аз Осиё ба Ҳиндустов ва дигар мамлакатҳо сайр мекунанд, ташкил гардидааст. Обанбори Қайроққум, дар давоми 70 соли мавҷудияташ ба минтақаи оммавии дамгирӣ табдил гардидааст. Саросари соҳили он шифохонаҳо, минтақаҳои истироҳатӣ ва лагерҳои кудакона ҷойгир шудаанд. Ин ҷои мумтозе барои оббозию шиноварӣ ва моҳигирӣ мебошад.

Душанбе

Боғи Ғалаба

Боғи Ғалаба дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Боғи Ғалаба соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд гардидааст. Ин боғ бо

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Қалъаи Вамар

Қалъаи Вамар яке aз ёдгориҳои боҳашамати таърихӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Қалъаи Вамар дар қисмати ҷанубӣ ва ғарбии шаҳраки Вамар, дар соҳили дарёи

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Даштиҷум

Мамнунгоҳи давлатии табиии “Даштиҷум” дар нишеби ҷанубии қаторкӯҳи Дарвоз, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ҷойгир аст. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Давлатии Ҷумҳерии Тоҷикистон дар масоҳати

Муфассалтар »