Шаршараи Сари Хосор

Шаршараи Сари Хосор дар канори дарёи Сурхоб, дар њудуди Љамоати дењоти Сари Хосори ноњияи Балљувон љойгир шудааст Шаршара аз маркази шаҳри Душанбе дар масофаи 199 км ҷойгир шудааст.

Шаршара аз баландии 50-57 м ба поён мерезад ва миллионҳо қатраҳои обро ба гирду атроф пош медиҳад. Пошхӯрии қатраҳои бешумори об зери шӯъои офтоб бо тамоми рангҳои тиру камон ба ҷилва меояд.

Ҳарорати хаво дар тобистон дар ин макон рӯзона то + 38 дараҷа ва шабона то +15 дараҷа мерасад. Зимистонаш то – 15, -25 дараҷа сард мешавад. Шаршараи Сари Хосор дар Боғи табии Сари Хосор воқеъ буда, ҳамчун макони сайёҳии кишвар шинохта шудааст.Роҳ ба самти шаршара душворгузару ноҳамвор буда, аз маркази нохия тавасути автомашинхои куҳгард “Road off” метавонанд ба Шар-шараи Сари Хосор сафар намуд.

Боздид аз Шаршараи Сари Хосорро барои сайёҳону меҳмонон танҳо моҳҳои июн ва июл имконпазир мебошад, чунки дар дигар моҳҳо роҳҳо пур аз обу сел ва ҳавояш сарду салқин аст.

Дар баробари манзараҳои зебои табиӣ ин макон барои ба роҳ мондани сайёҳии шикор роҳандозӣ гардидааст.

Инчунин, сайёҳон метавонанд аз имкониятҳои дигар ба монанди Оби гугирд, ки дар наздикии Шар-шашра чойгир аст истифода бурда аз тамошои мавзеҳои табии Дашти Ангора, Мулокони, Дашти Шуро, Санги Сабз ва Санги Кулула ҳаловат баранд. 

Вилояти Суғд

Қайроққум

Тақрибан дар дурии 20 км аз шаҳри Хуҷанд яке аз минтақаҳои истироҳатии вилояти Суғд – обанбори Қайроққум ҷойгир шудааст. Ин кӯли сунъи солҳои 50-и асри

Муфассалтар »
Uncategorized

Сайёҳии астрономи

Туризми астрономӣ ё чуноне ки онро низ меноманд астротуризм як намуди нисбатан ҷавони сафар аст. Чун қоида, он аз сафарҳо ба ҷойҳои гуногуни сайёра барои

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Сарбанди НБО Норак

Сарбанди НБО Норак дар шаҳри Норак ҷойгир шудааст. Баландии сарбанди НБО Норак — 300 метр (то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба

Муфассалтар »