Федченко калонтарин пиряхи кӯҳӣ дар ҷаҳон аст, ки дар шимолу ғарбии Помир ҷойгир аст. Он аз нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Язглом оғоз шуда, ба нишебии шарқии қаторкӯҳи қуллаи Академияи Илмҳо мерасад. Дарозиаш 77 км, бараш аз 1700 то 3100 м, ва ғафсии сатҳии миёнааш 1000 метр мебошад. Пирях шохаҳои зиёд дорад. Баландтарин нуқтаи пирях 4200 м аст. Дарёи Селдара аз зери пирях ҷорӣ мешавад. Расадхонаи гидрометеорологӣ дар пирях дар баландии 4200 м кор мекунад. Ин пиряхи дарозтарин дар ҷаҳон ба навъи пиряхи кӯҳӣ-водӣ тааллуқ дорад. Он аз минтақаи марказии пиряхҳои Помир, дар баландии 6200 м сарчашма мегирад. Федченко аз нишебиҳои шимолии қуллаи Коммунаи Париж (6350), қуллаи 26 комиссарони Боку (6848 м) ва нишеби шимолу ғарбии қуллаи Истиқлолият (қаблан қуллаи Инқилоб) (6940 м) сар шуда даҳҳото шохоб дорад. обшавии он саргаҳи дарёи Сурхоб ва Амударёро ташкил медиҳад. Оби пирях дарёҳои Муксу, Сурхоб, Вахш ва Амударёро пур намуда дар ниҳоят ба баҳри Арал мепошад.
Пиряхро пажӯҳишгари машҳури Осиёи Марказӣ, энтомолог ва сайёҳ Василий Федорович Ошанин (1844-1917) дар соли 1878 кашф кардааст. Ӯ аввалин тадқиқотчии аврупоиест, ки қадами ӯ ба пояи пирях расидааст. Ошанин экспедитсияи илмиро бо номи Ассотсиатсияи империалии дӯстдорони табиатшиносӣ сарварӣ мекард. Ба ин экспедитсия Федченко, топограф Г.Е. Родионов ва ботаник М.Ҷ.Невский дохил шуда буданд. Алексей Павлович Федченко (1844-1873), қаторкӯҳи Заалай ва қуллаи Ленинро дар Помир кашф кардааст. Ӯ дар кӯҳҳои Алп ҳангоми саёҳат мефавтад. Ошанин бо кашфиёти аввалинаш пиряхро ба номи дӯсташ Алексей Павлович Федченко гузошт. Ошанин ба муносибати кашфи пирях ва ёде аз дӯсташ навиштааст:
«Қирғизҳо онро танҳо Сел меноманд, ки маънои пиряхро дорад. Аз ин рӯ, ба он ном додан лозим буд ва ман ин кашфиётамро ба хотираи Алексей Павлович Федченко бахшидаам. Ман мехостам ба дараҷаи хоксорона эҳтироми амиқи худро ба тадқиқоти аҷоиби илмии дӯсти фаромушнашавандаи, ки мо дар шарҳи бисёр масъалаҳои торик дар бораи ҷуғрофияи таърихи табиии Осиёи Марказӣ аз ӯ қарздорем, баён кунам. Ман мехоҳам, ки номи ӯ то абад бо яке аз бузургтарин пиряхҳои баландкӯҳҳои Осиёи Марказӣ пайваст бошад. Ман инро орзу мекунам, зеро ки Алексей Павлович ба омӯзиши падидаҳои пирях таваҷӯҳи махсус дошт. Бигзор «пиряхи Федченко» дар ояндаи дур ба сайёҳон номи яке аз кашшофи боистеъдод ва боғайраттарини Осиёи Миёнаро хотиррасон кунад. Ҳавзаи заҳкашии пирях 1537 км2 -ро фаро гирифта, ба дарёи Муксу, шохоби Вахш ва дарёҳои Амударё ғизо медиҳад.
Аксҳо
Ҷазобияти Федченко
Сарфи назар аз баландӣ, ҳарорати паст ва ҳавои нодир, бисёре аз сайёҳон аз саросари ҷаҳон ҳар сол мекӯшанд пиряхи Федченко ё ба истилоҳ гавҳари Тоҷикистонро тамошо кунанд. Пиряхи Федченко бо табиати фаромӯшнашавандаи ва тозаи худ ҷолиб аст. Чунин ба назар мерасад, ки ях кӯҳҳои дар маркази водии пиряхҳо бударо дар ҷое ки барфҳо об мешаванд фурӯ мекашад. Пиряхи паҳншудаи васеъ як платформаи азимро ташкил медиҳад, ки дар байни онҳо, ки дар миёни онҳо баландтарин қуллаҳои қаторкӯҳҳо мавҷуданд. Бо сабаби мавҷудияти ин пирях дар Помир муқоиса кардани ин минтақа бо Антарктида дурусттар аст. Дар ин ҷо ҳама чиз мавҷуд аст -ях ва кӯҳҳои баланд ба Помир монанд. Фарқият танҳо дар арзи макони ин ду пирях мебошад. Сарфи назар аз ҷойгиршавии худ дурдаст ва биёбони мутлақ, пиряхи Федченко макони дӯстдошта ва тамошоб барои саёҳонест, ки дар табиати ваҳшӣ сайру гашт карданро дӯст медоранд. Ҳар саиёҳе ки ба ин ҷо сафар мекунад орзӯ дорад, ки пиёда тавассути ағбаҳои барфпӯши зиёда аз 4000 метр рафт дарёҳои тез ва хунуки кӯҳӣ убурро кунанд.
Роҳҳои сафар ба пиряхи Федченко
Саёҳоне ки Душанбе ба Хоруғ тавасути шоҳроҳи Помир сафар мекунанд, бояд дар ҷое, ки дарёи Ванҷоб ба дарёи Панҷ ҷорй аз роҳи асоси ба тарафи гашта роҳи мошингарди тангтар ва бехатарро то маркази ноҳияи Ванҷ тай кунанд. Онҳо метавонанд дар маркази ноҳия истироҳат ки дар он якчанд мағозаҳо ва бозор, меҳмонхонаҳо ва дигар муасисаҳои хидматрасон мавҷуданд, истироҳат кунанд. Ноҳия Ванҷ бо табиат, заминҳои зебо ва ҳосилхез, меваҳо, хусусан себ ва чормағзҳои худ машҳур аст.
Аз маркази ноҳия саёҳон метавонанд бо таксии кироя шуда ё мошини худ ба охирин деҳаи ноҳия дар водии Ванҷи Боло, ба деҳаи Пои Мазор расанд ва аз онҷо минбаъд ба сӯи пирях бираванд. Роҳи дигар расидан ба пиряхи Федченко аз водии Бартанг мебошад. Инчунин, ба пирях аз водии Язгулям, водии Танимас (Кукҷор) ва водиҳои Беландкиик расидан мумкин аст.