Пиряхи Федченко дар ноҳияи Ванҷ
Федченко калонтарин пиряхи кӯҳӣ дар ҷаҳон аст, ки дар шимолу ғарбии Помир ҷойгир аст. Он аз нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Язглом оғоз шуда, ба нишебии шарқии қаторкӯҳи қуллаи Академияи Илмҳо мерасад. Дарозиаш 77 км, бараш аз 1700 то 3100 м, ва ғафсии сатҳии миёнааш 1000 метр мебошад. Пирях шохаҳои зиёд дорад. Баландтарин нуқтаи пирях 4200 м […]
Кули Сарез
Нозанин ё Аждаҳои хуфта ва ё нигини кабуди Помир! Бо чунин номҳо кӯли Сарез дар миёни мардуми Помир ва берун аз он машҳур аст. Ин кӯл дар қисмати шарқии Помир дар миёни ноҳияҳои Рушон ва Мурғоб ҷойгир аст. Дарозии кӯл 55.8 км аст ва баландии мутлақи сатҳи 3.263 аст; Паҳноии ҳади ниҳоии он 3,3 км […]
Мамнӯъгоҳи Бешаи Палангон, ноҳияи Дустӣ
Мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, дар минтақаи биёбони байни дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон дар сарҳади ҶИ Афғонистон, дар саргаҳи дарёи калонтарини Осиёи Миёна – дарёи Ому мавқеъ гирифтааст ва масоҳати имрӯзаи мамнуъгоҳ ба 49786 га баробар аст. Ҳудуди мамнуъгоҳ асосан дар марзи заминҳои ноҳияҳои Дусти, Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон аст. […]
Ҳафткӯл
Дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд, дар дараи дарёи Шинг, дар қисми шарқии кӯҳҳои Фон силсилаи аҷибе иборат аз ҳафт кӯли Марғузор ҷой гирифтааст. Кӯли ҳафтуми ин силсила номи Ҳазорчашмаро гирифтааст во бародарони он дар натиҷаи афтиши сангтӯдаҳо ба вуҷуд омадаанд. Ҳар яке аз кӯлҳо бо дарёчаи шӯху тезоб ба ҳам пайваст шудаанд, ки бо зебогию […]
Искандаркӯл
Яке аз минтақаҳои зебоманзартарини куҳҳои Фон – Искандаркӯл, ки ба муносибати Искандари Мақдунӣ, ки мувофиқи ривоятҳо онро зиёрат кардааст, номгузор карда шудааст. Ин кӯли афсонави дар баландии зиёда аз 2 километр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ин обанборро “Қалби Фон” меноманд. Сатҳи Искандаркӯл 3.4 км2 буда қаръаш 71 метр мебошад. Кӯл сатҳи тухмшакл дошта бо […]
Кӯҳҳои Фон
Кӯҳҳои Фон – сарзамини ҳайратангезе мебошад, ки дар ҷои васли ду қаторкӯҳи азим: Помир-Алой ва Ҳисор. Дар ин минтақа кӯлҳои фирӯзаранг ва зумуррадранг, пиряхҳо ва дарёҳои пурмавҷ, дараҳои кӯҳи ва ағбаҳо ба назари сайёҳон манзараҳои худро аён месозанд. Аз сабаби он ки дар ин минтақа роҳҳои нақлиётии муосир дастрасанд (байни Душанбе ва ноҳияҳои дараи Зарафшон, […]
Даштиҷум
Мамнунгоҳи давлатии табиии “Даштиҷум” дар нишеби ҷанубии қаторкӯҳи Дарвоз, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ҷойгир аст. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Давлатии Ҷумҳерии Тоҷикистон дар масоҳати 19.7 ҳазор гектар таъсис ёфтааст. Дар масофаи 40 километр аз шаҳри Кӯлоб ва 240 километр аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Ин мамнунгоҳ барои муҳофизат ва нигаҳдории шумори охирини комил ва […]
Шаршараи Сари Хосор
Шаршараи Сари Хосор дар канори дарёи Сурхоб, дар њудуди Љамоати дењоти Сари Хосори ноњияи Балљувон љойгир шудааст Шаршара аз маркази шаҳри Душанбе дар масофаи 199 км ҷойгир шудааст. Шаршара аз баландии 50-57 м ба поён мерезад ва миллионҳо қатраҳои обро ба гирду атроф пош медиҳад. Пошхӯрии қатраҳои бешумори об зери шӯъои офтоб бо тамоми рангҳои […]
Кӯҳи Чилдухтарон
Яке аз зеботарин ҷойҳои табиии ҷануби Тоҷикистон кӯҳи Чилдухтарон аст. Он дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлони Тоҷикистон, тақрибан дар 250 километрии ҷануби Душанбе ҷойгир аст. Кӯҳи Чилдухтарон дар масофаи 28 км қисмати шимолии маркази ноҳияи Мӯъминобод назди деҳаи Дашти ар-ар ҷой гирифтааст. Он аз харсангҳои аҳромшакли то 60 метр баланд иборат буда, ки дар натиҷаи […]
Сарбанди НБО Норак
Сарбанди НБО Норак дар шаҳри Норак ҷойгир шудааст. Баландии сарбанди НБО Норак — 300 метр (то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба шумор мерафт). Нерӯгоҳи барқии ба номи Турсун Ӯлҷабоев НБО Норак – дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 […]