Искандаркӯл

Яке аз минтақаҳои зебоманзартарини куҳҳои Фон – Искандаркӯл, ки ба муносибати Искандари Мақдунӣ, ки мувофиқи ривоятҳо онро зиёрат кардааст, номгузор карда шудааст.

Ин кӯли афсонави дар баландии зиёда аз 2 километр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ин обанборро “Қалби Фон” меноманд.

Сатҳи Искандаркӯл 3.4 км2 буда қаръаш 71 метр мебошад. Кӯл сатҳи тухмшакл дошта бо оби гидрокарбонатӣ-калсийдор пур аст, ки барои саломати шифобахш мебошад. Дар соҳили он метеостансия ҷогир аст. Дар куҳи дар соҳилаш ҷойгиршуда навиштаҷоте ҳаст, ки онро сайёҳони рус дар соли 1870 мондаанд.

Аз рӯи ривоят Искандари Мақдунӣ, ҳаргоми гузаштан аз ин минтақа, аспи дӯстдоштаашро гум кардааст. Пас аз он мардуми маҳаллӣ ба қароре омадаанд, ки кӯлро ба муносибати лашкаркаши машҳур номгузорӣ намоянд.

Оби гулобии кӯл дар мухолифат бо барфи дар қуллаҳои атроф хобида хело хушманзар ба назар метобад. Кӯл сарчашмаи Искандардарё мебошад, ки каме поёнтар шаршараи ҷоизи 38 метраро ташкил додааст.

Uncategorized

Шаҳри Карон

Харобаҳои шаҳри қадимии шаҳри Карон дар деҳаи Рузваи ноҳияи Дарвози ВМКБ дар масофаи 8,5 км аз маркази ноҳия дар баландии 1500-1700 метр аз сатҳи баҳр,

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Шаршараи Сари Хосор

Шаршараи Сари Хосор дар канори дарёи Сурхоб, дар њудуди Љамоати дењоти Сари Хосори ноњияи Балљувон љойгир шудааст Шаршара аз маркази шаҳри Душанбе дар масофаи 199

Муфассалтар »
Вилояти Суғд

Қасри Арбоб

Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷойгир аст. Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» бо ташаббуси Корманди шоистаи давлатӣ, Қаҳрамони

Муфассалтар »