Муғтеппа

Дар шимоли Тоҷикистон шаҳри Истарафшан ҷойгир аст, ки дар асли VI то мелод таъсис дода шудааст. Имруз ин маркази сайёҳи буда меҳмононро бо масҷидҳои қадима, корвонсаройҳо ва мақбараҳои худ ҷолиб мегардонад.

Димнаи Муғтеппа низ дар асрҳои II-VII дар ҳудуди Истаравшан ҷойгир буд. Ин минтақаи зисти асилзодагони маҳаллие ки дар ин ҷо қалъаҳои зиёде барпо мекарданд бо меъмори хоса ва муассири худ. Дар ин бора бозёфтҳои маҳаллаҳои сокиннишини Бунҷикат (Қаҳқаҳа) ва Чилҳуҷра иборат аз сохторҳои устувор ва қасру биноҳои дину оинӣ бо лавҳаҳои кандакори ва нақшу нигор ороишдодашуда шаҳодат медиҳанд. 

Хусусан дар худи Бунҷикат нақши гургмодае, ки ду тифлло шир дода истодааст ёфт шуда буд, ки шаҳодати муносибати шарқ ва ғарбро изҳор менамояд. Теппаи Муғ, ки дар он қароргоҳи ҳокими маҳалли ҷойгир буд, то рузҳои мо танҳо дарвоза ва гумбаз бо сутунҳои паҳлӯи боқи мондааст.

Турпакетҳо

НОРАК

Нурек шаҳри бо баландтарин сарбанди ҷаҳон, ки дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст. Фасл: — март-ноябр Ба нарх дохил карда шудааст: — трансфер — даромадгоҳи

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Кӯҳи Чилдухтарон

Яке аз зеботарин ҷойҳои табиии ҷануби Тоҷикистон кӯҳи Чилдухтарон аст. Он дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлони Тоҷикистон, тақрибан дар 250 километрии ҷануби Душанбе ҷойгир аст.

Муфассалтар »