Боғи Парчами миллӣ

Боғи Парчами миллӣ соли 2012 бунёд шудааст ва масоҳаташ 16,68 га мебошад. Боғи Парчами миллӣ дар шаҳри Душанбе, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.

Боғи Парчами миллӣ дар макази шаҳри Душанбе воқеъ буда,  меъмориҳои вижааш аз дигар боғҳои шаҳр фарқ мекунад. Боғ ду дарвозаи мунаққаш дорад − яке аз самти «Қасри Миллат» ва дигаре аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ. Маркази боғро Парчами Миллӣ (баландиаш 165 м.) оро медиҳад.

Дар ҳошияи Парчами Миллӣ кӯли бузургест, ки дар миёнҷояш буфету қаҳвахона дорад ва дар соҳилаш 10 қаиқча барои ҳавасмандони шиноварӣ омодааст. Дар атрофу дохили боғ, аз ҷумла, дар назди Парчами Миллӣ фаввораҳо сар мекашанд; дар атрофи парчам чароғҳои баландшиддат гузошта шудаанд, ки шабона тобиши ҷолибе доранд. Дар боғ майдони варзишие низ муҳайё аст, ки дар миёнҷояш муҷассамаи уқоби болкушода устувор аст.

Дар боғ беш аз 10 ҳазор бех (аз 50 намуд) дарахтони сояафкану гулбар шинонда шудааст. Роҳраву гулгаштҳои боғ то 4 км тӯл кашидаанд. Дар атрофи гулгашти бузурги боғ, дар назди Осорхонаи миллӣ 31 муҷассамаи номоварони таърихи миллат, ба монанди Куруши Кабир, Ҷамшед, Шоҳи Каёниён, Шоҳи Кушониён, Низомулмулк, Сарлашкари Суғд — Шоҳ Ҳусейн, Шоҳи Хатлон, Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон. қомат афрохтаанд. Барои сайругашти меҳмонон мошинҳои махсус омодаанд. Дар боғ 8 ҳавз мавҷуданд, ки дар миёнҷойи ҳар кадом қаҳвахона сохта шудааст.

Боғи парчами миллӣ макони  боздиди сайёҳон ба ҳисоб меравад, ки  дар  шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.  Дар гирду атрофи боғ қаҳвахона, ошхона ва мабраз ва барои истифодаи васеъи иттилоот Wi-Fi мавҷуд аст.

Uncategorized

Кӯли Булункул ва Гейзер

Яке аз кӯлҳои дигари Помир, ки дар руйхати маконҳои саёҳии муайяншуда воридшудааст, Булункӯл мебошад. Ин кӯли начандон калон дар баландии 3700 метр аз сатҳи баҳр

Муфассалтар »
Осоишгоххо

Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ»

Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар водии Ҳисор, 25 км дар самти шимолу ғарбӣ аз шаҳри Душанбе дар баландии 1150 м., дар мавзеи хушманзари қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар назди

Муфассалтар »
Намудҳои сайёҳи

Cайёҳии таърихӣ ва фарҳангӣ

Дар бораи тамоми фазилатҳои аҷиби табиати нодири Тоҷикистон сухан ронда, набояд фаромӯш кард, ки ин кишвар бо ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ бой аст. Зеро Тоҷикистон яке

Муфассалтар »