Қалъаи Вамар

Қалъаи Вамар яке aз ёдгориҳои боҳашамати таърихӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Қалъаи Вамар дар қисмати ҷанубӣ ва ғарбии шаҳраки Вамар, дар соҳили дарёи Панҷ ҷойгир аст. Шаҳраки Вамар маркази маъмурии ноҳияи Рӯшон дар макони ҳамворе ҷойгир шудаст ки дарёҳои Бартанг ва дарёи Панҷ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ҳам меомезанд. Дар муқоиса бо харобаҳои сершумори қалъаҳои дар Бадахшон ин бино нисбатан нав буда, деворҳои он ба қадри кофӣ ҳифз шудаанд. Дар гузашта, он ҳамчун қароргоҳ, қалъа ва манзили ҳокимони гуногун хидмат мекард. Бостоншиносон санаи сохтмони онро ба асри XIX рабт медиҳанд. Дар манбаъҳои маҳаллӣ ба монанди Тарихи Ҳокимони Вамар бошад зикр шудааст, ки ин қалъа чанд аср пеш сохта шудааст. Тибқи ривояте, қалъаи Вамар дар замони зиндагии мубаллиги дин Шоҳ Толиби Сармаст сохта шудааст, ки зиёратгоҳи ӯ низ дар ҳамин деҳа мавҷуд аст. Қалъа бадтар таъмир карда шудаст. Эҳтимол ҳаст, ки дар ин макон қаблан қалъаи хурдтаре вуҷуд дошт. Қалъаи калон бошад баъдтар аз ҷониби ҳокими маҳаллӣ (мир) Сулаймонхон дар соли 1843 сохта шудааст. Дар ибтидо қалъа асосан барои мақсадҳои мудофиа хизмат мекард, аммо тадриҷан он ба қароргоҳи ҳукмронони маҳаллӣ ва хориҷиён табдил ёфт. 

Тарҳи меъмории қалъа

Тибқи маълумоти бостоншиносон қаламрави 1,5 гектарро ишғол мекард. Деворҳои қалъа бурҷҳои чоркунҷа мустаҳкам пайваст гардидаанд. Даромадгоҳи қалъа аз тарафи ғарб буд. Деворҳои қалъа аз сангу гил сохта шуда буданд. Барои мустаҳкам кардани д канори берунӣ ва дарунии деворҳо пас аз 50-60 см дар миёни онҳо чубҳоро гузоштаанд. Баландии деворҳо 6 м, ғафсиашон аз поя 7 м ва дар қисмати болоии боло то 3 м аст. дар дохили бинои қалъа хонаҳое ва берун аз он боғҳо мавҷуд буданд.

Қисматҳои чубин дар иншоот дар дарун (дарҳо, сутунҳо ва ғайра) бо кандакории бой оро дода шуда буданд. (Бубнова Мира, 2007). Қалъаи Вамар аз 6 бурҷ, 3 дарвоза ва як тӯпхона ва бо деворҳои баландиаш 50 – 60 ва паҳноиаш 7 метр иборат будааст.Дар маркази иншоот чанори азиме ва дар зери он корез мавҷуд буд, ки ба воситаи он обҳои партови қалъа ба берун интиқол меёфт. Ба қалъа инчуни об аз дарёи Панҷ тавасути канали таги замин (обдузд)меомад ва дар чоҳи таги чанор мебаромад.

Чунин тарзи иншооти обгузаронӣ дар ҳангоми аз ҳамлаи душманон муҳофизат намудани қалъа хидмати муҳим мекард. Қалъаи Вамар зиндони зеризаминии дуқабата ва боғи бузургу зебое низ дошт, ки дар он навъҳҳои гуногуни дарахтони баҳрадор ва сояафкани аз дигар ҷойҳо овардашударо парвариш мекарданд. Дар саҳни пеши қалъа майдони васеъе бо номи Ригакмайдон воқеъ будааст, ки он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни идона, аспдавонӣ, чавгонбозӣ, гузарондани гуштингирӣ ва рақсу бозӣ дар маросими Наврӯз, истифода мешуд.

Қалъаи Вамар дар чорроҳаи ду дарё, дар як минтақаи ҳамвор ва мувофиқ барои назорати шохаи Роҳи Абрешим, ки Рӯшонро ба қисматҳои дигари Бадахшон мепайвандад бунёд шудааст. Аз замони бунёдаш он ҳамчун манзил ва макони истироҳат барои шоҳони маҳаллӣ ва низомиёни Шуғнон, Рӯшон ва Бартанг хизмат мекунад.

Амалдорони аморати Бухоро, бекҳои Рушон ва Шуғнон ба болои мардуми маҳаллӣ андози гарон гузошта онҳоро азобу тороҷ мекарданд. Аз ҳамин сабаб мардуми маҳаллӣ ба намояндагони ва сарбозони ҳокимияти подшоҳии Россия шикоят карданд. Дар аввали асри 20 лашкари Россия дар Помир, намояндагони аморати Бухороро аз қалъа ронданд ва онро ба қароргоҳи худ табдил доданд. Ҳукумати Шӯравӣ, ки дар ноҳияи Рӯшон дар солҳои 1920 ва ибтидои солҳои 30 таъсис ёфт, ин қалъаро ҳамчун идораи шурои қишлоқӣ истифода мебурд. Баъдтар сарбозони шӯравӣ қалъаро ба харобазор табдил дода, дар болои манораҳо ва деворҳои он дидбонгоҳои марзӣ мустақар карданд. Дар даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии Қалъаи Вамар маблағ ҷудо карда, қисман деворҳои қалъаро таъмир кардааст.

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба Қалъаи Вамар

Роҳи асосие, ки Рӯшонро бо Хоруғ ва Душанбе мепайвандад, шоҳроҳи Помир аст. Сайёҳоне, ки аз шарқ меоянд, метавонанд тавассути роҳии танг ва душворгузар водии Бартанг озими Вамар шаванд. Ин хатсайр танҳо аз моҳи май то октябр кушода аст ва аз хамгашти Қарокӯл -Оқташ, то деҳаи Гудара ва аз он поёнтар тавассути дарёи Бартанг то ба Рушон меравад. Шаҳраки Вамар фурудгоҳи хурду зебое дорад, ки дар замони Шӯравӣ ба он тайораи хурди мусофири ва чархболҳои боркашон мунтазам парвоз мекарданд. Ин фурудгоҳ ҳамчунии ҳамчун база барои кӯҳнавардон, геологҳо ва дигар тадқиқотчиён ки барои кашфи кӯҳҳои Помир Душанбе ба Рӯшон ва аз он ҷо ба Язгулом, Бартанг парвоз мекарданд, истифода мешуд. Бинобари ин сохтмони урдӯгоҳи саёҳӣ дар фурудгоҳи шаҳраки Вамар метавонад онро ба нуқтаи истироҳат ва парвози минбаъда ба нақша гирии сафар ба кӯли Сарез, ва дигар қисматҳои Помир табдил диҳад.

Мехмонхонахо

Karon Palace Hotel 3*

Дар маркази минтақаи Дарвоз дар Қалъаи Хумб, дар байни қаторкӯҳҳои бошукӯҳ, ки асрори тамаддунҳои бостониро нигоҳ медоранд, меҳмонхонаи KARON Palace дарҳои меҳмоннавозии худро боз кардааст.

Муфассалтар »
Мехмонхонахо

Parliament Palace Hotel 5*

Меҳмонхонаи “Парламент Палас” дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Он дорои бар, тарабхона, террас, утоқи муштарак, маркази фитнесс, ҳавзи мавсимии берунӣ ва иншооти варзишии об мебошад.

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Кули Сарез

Нозанин ё Аждаҳои хуфта ва ё нигини кабуди Помир! Бо чунин номҳо кӯли Сарез дар миёни мардуми Помир ва берун аз он машҳур аст. Ин

Муфассалтар »