Кӯҳи Чилдухтарон

Яке аз зеботарин ҷойҳои табиии ҷануби Тоҷикистон кӯҳи Чилдухтарон аст. Он дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлони Тоҷикистон, тақрибан дар 250 километрии ҷануби Душанбе ҷойгир аст. Кӯҳи Чилдухтарон дар масофаи 28 км қисмати шимолии маркази ноҳияи Мӯъминобод назди деҳаи Дашти ар-ар ҷой гирифтааст. Он аз харсангҳои аҳромшакли то 60 метр баланд иборат буда, ки дар натиҷаи шамолҳои тӯлонӣ суфта шудаанд. Роҷеъ ба куҳи мазкур байни мардум ривоятҳо зиёданд, ки қаҳрамонии 40 нафар духтар алайҳи истилогарони аҷнабӣ мебошад. Дар асл ҳар харсанги аҳромшакл барои ҳар як бинанда муҷассамаи олиҳаи зебоӣ, рамзи покию ватанпарварист Ин ҷои беназирест, маҷмӯи табиии сангҳои сурх бо сабаби зебоии фавқулодда ва номи шоиронаи Чилдухтарон доштанаш, сайёҳонро ҷалб мекунад.

Ривояти Чилдухтарон

Дар замонҳои қадим хориҷиён ба Хатлон ҳуҷум карда, мардону занон, писарон ва духтаронро ғулом карда, ба кишварҳои дур фурӯхтаанд. Аз ҷумла, духтарони зебо ба асирӣ гирифта мешуданд. Гурӯҳи ғоратгарон ҳар вақте ки ба сарзамини Мӯъминобод ҳуҷум карданд ба исли гургони гурусна ҳар як мавҷудоти зиндаро пора -пора мекарданд. Онҳо хонаҳои мардуми шарафманд ва ба номуси диёрро ба хок яксон мекарданд, аммо мардони қаҳрамон ба ҳимояи занону духтарон, пиронсолон ва ба мукобили душманони горатгар далерона мубориза мебурданд. Мардуми ҷасури диёр борҳо бо кахрамонй ва шучоати худ хучумхои хунини душманро гаштаю баргашта зада гардонданд. Аммо дар ниҳоят хориҷиёни хунхор тамоми нерӯҳои худро ҷамъ оварда, ба деҳаи Дуоб ҳамла карданд. Ин дафъа ҳама пиру барно ва ҳатто зеботарин товусҳои ин сарзамин барои дифоъ аз марзҳои худ бархостанд. Ҷанг чанд рӯз идома кард. Ниҳоят душман бо қувваи бузург ғалаба кард ва аҳолии бесилоҳ ва нотавон ба сӯи кӯҳҳои азим рӯ оварданд. Бархе аз аҳолӣ душманро фиреб дода, дар кӯҳи Пири Дашти Ҷум паноҳ бурданд. Аммо камбағалон, махсусан пиронсолон ва беморон аз шамшери душмани хунхор наҷот наёфтанд.

Гурӯҳе аз духтарон, ки пайваста нерӯи асосии душманро мағлуб мекарданд, ба фишори шадиди душманони хунхор ва лаънатӣ тоб наоварда, ба кӯҳистон паноҳ бурданд. Аммо ҳадафи душман зинда дастгир кардани духтарон буд. Душманон ба ҳадафи худ наздиктар мешуданд. Вақте духтарон мебинанд, ки наметавонанд шаъну шарафи худро аз ин одамони ҳайвонтабиат ва душманони ҳарису ташнаи хун наҷот диҳанд, ин бонувони баномус рӯ сӯи Худо мекунанд. Онҳо аз Худо талаб мекунанд,ки ба дасти душман асир нагарданд ва ба ору номус бимиранд. Худои таъол ин дуои дӯшизагони баномусро мустаҷоб мегардонад ва ҳар яку аз онҳо ҳангоми истодан ба санг мубаддал мешаванд. Аз он вақт инҷониб ин ҳайкалҳои сангин ҳамчун рамзи покӣ, озодӣ, ватандӯстӣ, ифтихор номус ва шараф аз тарафи мардум эҳтиром карда мешаванд.

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба Чилдухтарон

Саёҳат ба Чилдухтарон чандон душвор нест, ва ба роҳи яктарфа то Мӯъминободи тақрибан чанд соат тӯл мекашад. Беҳтарин хати сафар аз Душанбе то Кӯлоб ва аз онҷо то Мӯъминобод мебошад. Гурӯҳҳои гуногуни сайёҳон аз хӯрдану лаззат бурдан аз таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши бурида дугоб (йогурти маҳаллӣ), чапоти, мева ва салатҳои тару тоза кайф менамоянд. Пиёдагардӣ, тамошо ва дамгирӣ машғулиятҳои асосие мебошанд, ки меҳмонон ҳангоми истироҳат дар ҳавои тоза ва марғзорҳои сабз дар поёни ин харсангҳои боҳашамат аз он лаззат мебаранд.

Осоишгоххо

Осоишгоҳи “Зумрад”

10 километр дуртар аз шахри Исфара, дар шимоли Точикистон, дар баландии 800 метр аз сатхи бахр, дар мавзеи хушманзара минтакаи машхури курорт — санаторияи «Зумрад»

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Дурумқӯл

Ин кӯли зебо тақрибан дар 80-километрии шарқи шаҳри Хоруғ ва 38 километр аз маркази ноҳияи Роштқалъа ҷойгир аст. Меҳмонон метавонанд саёҳати худро бо мошин то

Муфассалтар »