Саразм

Шаҳри Панҷакент яке аз марказҳои муҳими тиқоративу фарҳангии Роҳи Абрешим ба шумор мерафт. Дар дастаи чапи дарёи Зарафшон шаҳраки қадимаи Саразм боқи мондааст, ки дар асрҳои V-VIII вуҷуд дошт. Ин ёдгори археологӣ аҳамияти муҳими таърихиро дошта, сохтори шаҳрҳои Осиёи Миёнаро дар асрҳои миёна ба мо аён месозад.

Ҳангоми кофтакушоиҳо даҳмаи калон, боқимондаҳои кучаю хиёбонҳо ва майдонҳо, хонаҳои қадима, ки наққошони суғд оро додаанд, ёфт шудаанд. Инчунин дар байни бозёфтҳо тангаҳои биринҷиву нуқрагӣ, зарфҳои сафолӣ, сафолакҳо бо навиштаҷоти кадима ҳастанд.

Шаҳри Панҷакент айни замон бо бозори худ, ёдгориҳои археологӣ ва осоишгоҳҳои соҳили дарёи Зарафшон машҳур аст.

Саразм – қароргоҳи қадимае, ки тавассути кофтакушоиҳои археологӣ, тақрибан ним аср пеш кашф шудааст. Дар ин ҷо қисмҳои биноҳо, олотҳои меҳнат ва зист ки ба асрҳои IV-II  то мелод тааллуқ доранд боқи мондаанд. Ин минтақа зери назорати UNESCO буда, яке аз ҷойҳои ҷалбнок барои ҳавасмандони саёҳати маъориф мебошад.

Минтақаҳо

Дараи Варзоб

Дараи Варзоб дар наздикии бевоситаи шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Дар ин самт шумо метавонед ҳаловат баред аз истироҳат дар лаби дарёи сарду шӯхи Варзоб ва

Муфассалтар »
Мехмонхонахо

Karon Palace Hotel 3*

Дар маркази минтақаи Дарвоз дар Қалъаи Хумб, дар байни қаторкӯҳҳои бошукӯҳ, ки асрори тамаддунҳои бостониро нигоҳ медоранд, меҳмонхонаи KARON Palace дарҳои меҳмоннавозии худро боз кардааст.

Муфассалтар »