Кофарқалъа ва Оташкадаҳои Боғев

Кофирқалъаи Боғев дар деҳаи Боғеви водии Сучон ( Ғунд)-и ноҳияи Шуғнони ВМКБ 30 км аз маркази вилояти Бадахшон дар самти шарқу ҷануб дар он ҷое, ки рўди Боғевдара ба дарёи Ғунд мерезад ҷойгир аст. Қалъа дар баландии 2390 метр аз сатҳи баҳр дар қисмати ҷанубу ғарбии деҳаи Боғев дар болои шахи калону баланд, воқеъ мебошад. Ҳангоми расидани ба деҳаи Боғев тавасути роҳи мошингарди асосии Хоруғ- Ғунд ин шахи калон дарав ба чашм мерасад ва диққати касро ба худ ҷалб мекунад. Кофирқалъа дар ҷойи ниҳоят қуллайи барои қалъасозӣ сохта шудааст. Аз се тарафи он ба ин шахи баланд баромадан тамоман ғайриимкон аст.

Аз тарафи Боғевдара бошад он девори ғавс дорои манораю дидбонгоҳҳо ва тиркашҳо дорад, ки иқтидори пурраи муҳофизат карданро доштааст. Ин қалъа ибодатгоҳ ба шумор мерафт, зеро ки дар онҷо оташкадаҳои оташпарастон сохта шудааст, ки то кунун зердеворҳои онҳо боқӣ мондаанд. Ин оташкадаҳо дар ду майдончаи на он қадар қалон майдончаи боло ва поён ҷойгиранд. Як оташкадаҳо дар шакли доира сохта шудааст. Дар миёни он оташдони доирашакл сохта шудааст. Маъбадҳои оташи Помир «кушода» будаанд ва дар худ болопўш (бом) надоштаанд.

Ин яке аз хусусиятҳои хоси фарқкунандаи оташкадаҳои Помир аз оташкадаҳои маъруфи Зардуштиён будааст. Кофарқалъаи Сучон ҳамчун қалъаи назоратӣ корвони тиҷоратии “Роҳи Абрешим” ва рафтуомади одамонро назорат карааст. Дар наздикии қалъа дар мавзеи ҳозираи Шошиндаẋт корвонсаройе вуҷуд доштааст. Аз ин ҷо бармеояд, ки ин қалъа дар яке аз “Роҳҳои Абрешим”-и ҷойгир буда роҳи корвонро назорат мекардааст. БА воситаи Шуғнон роҳи асоси аз Шарқ (Сариқул) ба Ғарб (Балх) мегузашт, ки он яке аз шохаи роҳҳои корвонгузари Помир буд.

Кофирқалъаи Боғев дар даромадгоҳи дараи Ғунд дар як ҷойи ниҳоят қулайи назорати ҷойгир буд, ки даромадани корвонро ба ин дара назорат мекард. Ин қалъа вазифаи сигналдиҳӣ огоҳкунӣ доштааст. Азбаски вай дар даромадгоҳи водии Сучону дараи Ғунд ҷойгир буд, агар шуду душман меомад ё таҳдиду хатари ҳуҷум пайдо мешуд, агар шабона бошад дар болои қалъа дарав оташ дар мегиронданд ва агар рўзона бошад онҳо бо дуди ғавсу намоён дидбонгоҳҳою қалъаҳое, ки баъди Боғев дар дохили дараи Ғунд астанду намоёнанд (ҳамаи қалъаҳою дидбонгоҳҳоро дар дара ё водӣ дар ҷое интихоб мекарданд, ки онҳо пай дар пай аз аввал то охир барои ҳамдигар намоён буданд ) огоҳ мекард.

Тибқи маълумотҳои шифоҳӣ бо интишорёбии дини ислом замоне, ки Кофирқалъаи Боғев мавқеашро аз даст дод ва аз баски Сучон дар роҳи корвонгузар воқеъ буд, бисёр вақтҳо душманони раҳгузар аҳолиро ба асорат гирифта чун ғулом мефурўхтанд. Барои ҳамин аҳолии маҳаллӣ ҳангоми киштукор ва ҳосил ғундорӣ ягон касро ҳамчун назоратчии роҳ болои хоросанги қалъа таъин мекарданду, дигарон ба киштукор маш ғул мешуданд. Олимони ватани қайд кардаанд, ки номи деҳа бо оташкадаи Боғев алоқаманд буда, калимаи Боғев аз калимаи қадими ориёи «Баға» гирифта шуда, маънояш «ҷойи парастиши Худо» ё «Зиёратгоҳи Худо» мебошад. Аз ҷиҳати он ки дар ин қалъаҳо аҳолии муқимӣ паноҳ ёфта, аз мусулмон шудан саркашӣ мекарданд, мусулмонҳо ин ҷойҳоро “кофарқалъа” ном бурданд.

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба Кофарқалъа

Агар аз Хоруғ ба тарафи Боғев ҳаракат кунанд, баъд аз гузаштан аз мактаби деҳаи Боғев дар хамгашт ба тарафи рост, ки каме кутали начандон баланд дорад баромада ба тарафи ғарбӣ қад- қади роҳи мошингарди деҳа тахминан 1-2 км ҳаракат карда ба таги қалъа аз самти ғарбӣ мерасанд. Аз роҳи мошингард то баромадан ба қалъа роҳи хурди пиёдагард аст, ки то қабристони умумии деҳа обод асту аз онҷо то ба қалъа баромадан барои саёҳон бояд роҳи махсуси зинапоядор сохта шавад.

Uncategorized

САФЕДДАРА

Сафеддара — қуллаҳои кӯҳии Тоҷикистон, барфи тоза ва дурахшон, ҳавои тоза ва манзараҳои зебои зимистона мебошанд. Фасл: — декабр-феврал Ба нарх дохил карда шудааст: —

Муфассалтар »
Турпакетҳо

НОРАК

Нурек шаҳри бо баландтарин сарбанди ҷаҳон, ки дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир аст. Фасл: — март-ноябр Ба нарх дохил карда шудааст: — трансфер — даромадгоҳи

Муфассалтар »
Осоишгоххо

«Сафед-дара»

Базаи лижаронии «Сафед-дара». Шумо метавонед дар ин ягона осоишгоҳи лижаронии Тоҷикистон – Сафед-Дара истироҳати хуби зимистона дошта бошед, лижаронӣ кунед ва лаззати фароғатии зимистонро эҳсос

Муфассалтар »