Водии Бартанг

Бартанг яке аз он водиҳо ва самтҳоест, ки таваҷӯҳи ҳам сайёҳони маҳаллӣ ва ҳам хориҷӣ, олимон ва дӯстдорони саёҳат, табиат ва фарҳангро солҳост ки ба худ кашидаст. Бе сабаб нест, ки нависандаи советии рус Павел Лукнитский навиштааст. «Ҳар ки ба Бартанг сафар на кардаст, Помирро надидаст!» Мардуми водии Бартанг тарзи махсуси зиндагиеро пеша намуда, фарҳанги анъанавии ва таҷрибаи аҷдодии рӯзгорро ҳифз кардаанд. Худи сафар намудан ба ин водии дурдаст ба яке аз фаъолиятҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфтааст. Ин водӣ дар дараи Бартанг дар Помири Ғарбӣ, дар байни қаторкӯҳҳои Язғулом ва Рӯшон ҷойгир мебошад.

Табиати водии Бартанг

Аз лиҳози ҷуғрофияи табии, водиро метавон ба ду қисмат поёнӣ ва болоӣ тақсим кард. Деҳоти қисми поёнии водии Бартанг дар соҳилҳои ниҳоятан камбари дарё ҷойгиранд. Масоҳати деҳоти дар қисмати болои води ҷойгир шуда фарохтар мебошад.
Обу ҳаво ва табиати ду қисмати водӣ аз ҳам шадидан фарқия мекунад. Дар деҳаҳои поёноби дарёи Бартанг ҳарорати хаво гармтар аст. Дар деҳоте ки дар водии Бартанги боло қарор доранд иқлими ҳаво хунуктар мебошад. Иқлими мувофиқ ва табиат дар қисмати поёнии водӣ ба сокинонашон имкон медиҳад, ки ба боғдорӣ машғул шуда дарахтони чормағз, зардолу, себ ва дигар навъҳои меваро парвариш кунанд.
Дар чанд деҳаи Бартанги боло бошад дарахтони мевадор мавҷуд нестанд, дар ҳоле ки замини он барои кишти ҷав, гандум ва картошка дар заминҳои васеъ мувофиқ аст, ки инчунин ба чорводорӣ – парвариши чорвои калон (гӯсфанд, буз, гов) имкони бузург додааст. Баъзе хонаводаҳо инчунин ба парвариши занбӯри асал ва паррандапарварӣ низ машғул ҳастанд.

Ҷойҳои дидори сайёҳии водии Бартанг

Аз деҳаи аввалини водӣ сар карда саёҳон тавассути роҳи танг автомобилӣ қад -қади дарёи Бартанг мераванд. Дар 20 километри роҳи автомобилгард дар тарафи рост купрукеро болои дарёи Бартанг мавҷуд аст. Ин купруки деҳаи Ҷизев аст ки ба онҷо танҳо бо роҳи пиёдагард сафар мекунанд. Ин деҳаи хурд дар тарафи рости дарёи Бартанг 10 км дуртар аз роҳи мошингард дар пушти кӯҳе пинҳон аст. Бо вуҷуди ин, он яке аз ҷолибтарин макон барои сайёҳон дар Помир дониста мешавад.

Табиат ва манзараи Ҷизев хеле зебо ва шигифтангез аст. Маскунони Ҷизев бидуни дастрасӣ ба барқ ва роҳи мошин зиндагӣ мекунанд. Саёҳат дар атрофи кӯлҳои булӯр ва дарахтони тӯс дар ин макони дур афтода ба саёҳон як ҳисси ҳамнаво будан ба табиати оромро медиҳад. Ҳангоми расидан ба деҳаи Спонҷи маркази Бартанг меҳмонон метавонанд расмҳои петроглиф (нақшҳои руи санги қадимӣ) – ро дар мавзеъи Хабарвиф мушоҳида кунанд.

Аксҳо

Роҳҳои сафар водии Бартанг

Роҳи автомобилгард ягона роҳест, ки водии дурдаст ва душворраси Бартангро ба маркази ноҳияи Рӯшон дар ҷануб мепайвандад. Ин роҳ ба водӣ аз ҷануб аз хамгашти деҳаии Вамар мешавад. Роҳи дигари сафар ба водии Бартанг аз шимол аз хамгашти Қарокул -Aқташ тавасути ағбаи Кукҷор поин мефарояд. Мавҷудияти остону мазору мақбараҳо дар ҳар деҳаи водии Бартанг аз садоқат, эҳтиром, имони росих ва анъанаи бои динӣ ва қадими фарҳангии маскунони он гувоҳӣ медиҳад. Ривоятҳо оиди ҳар мазори деҳоти Бартанг ба вазифаҳои шифобахшии мазорҳо ва амалҳои ободонӣ ва накукории шахсони барҷастаи таърихӣ, аз ҷумла мубаллиғони динӣ вобаста аст.

Вилояти Хатлон

Маъбади буддоии Аҷинатеппа

Харобаҳои маъбади буддоии Аҷинатеппа ​​(теппаи Иблис) дар қисми ҷанубу ғарбии деҳаи Қизилсойи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд. Ин ёдгории қадимӣ дар 12 -километрии шимоли

Муфассалтар »
Намудҳои сайёҳи

Сайёҳии гастрономӣ

Тоҷикистон на танҳо кӯҳҳо ва саёҳатҳо, балки фарҳанги бой ва ғизои болаззат аст. Саёҳати гастрономӣ дар Тоҷикистон торафт маъмултар мешавад, ки дар он шумо метавонед

Муфассалтар »
Uncategorized

Сайёҳии зиёратӣ

Туризми зиёратӣ дар Тоҷикистон як навъи сайёҳист, ки бо зиёрати макон ва зиёратгоҳҳои динӣ алоқаманд аст. Дар Тоҷикистон чунин ҷойҳо зиёданд, ки сайёҳон аз тамоми

Муфассалтар »