Қалъаи Қаҳ-Қаҳа

Қаҳ-Қаҳаи ноҳияи Ишкошим аз маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ дар масофаи 115 км, аз маркази ноҳия дар масофаи 5 км дар самти ҷанубу шарқи дар баландии 2642 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, мавқеи ҷойгиршавиаш чунин аст. Қалъаи Қаҳ-Қаҳа яке аз калонтарин қалъаҳои ВМКБ ба шумор меравад. Қалъа дар болои шахи калону баланд сохта шудаааст. Аз ин баланди манзараи зебои деҳаҳои гирду атрофи қалъа Вахони ҳар ду соҳил (Тоҷикистону Афғонистон) дида мешавад.

Бештари муҳаққиқон дар асоси ривоятҳои мардумӣ ин қалъаро ба «сиёҳпушон» нисбат додаанд. Дар назди қалъаи Қаҳ-Қаҳа дар шафати роҳ остон ва осорхонаи Шоҳи Мардон (Ҳазрати Алӣ) аст. Тибқи тасаввурот ва ривоятҳои мардумӣ ҳокими қалъаи Қаҳ-Қаҳа, Қаҳ-Қаҳа ном шахси азимҷусса будааст. Онҳо ду бародару ду хоҳар будаанд. Қаҳ-Қаҳа дар қалъаи Қаҳ- Қаҳа, бародараш Зангибор дар қалъаҳои Ямчун ва Исор, як хоҳарашон Зулхумор дар қалъаи Зулхумори назди Ямчун ва хоҳари дигарашон Зулҳашам дар қалъаи сиёҳпуштаи Вахони Афғонистон ҳоким будаанд.

Онҳо кофир ва сиёҳпуш будаанд ва мардумро зулму ситам кардаанд. Ҳазрати Алӣ бо писаронаш Ҳасан ва Ҳусайн ба ҳайси бозаргон омада бо кўмаки вазири Қаҳ-Қаҳа Мубошир вориди қалъа мешавад. Байни паҳлавонони Қаҳ- Қаҳа ва Ҳазрати Алӣ мусобиқа дар се намуд мусобиқа мешавад. Ҳазрати Алӣ ва писаронаш ғолиб меоянд. Ҳазрати Алӣ Қаҳ- Қаҳаро ба ислом даъват мекунад. Қаҳ- Қаҳа даъваташро напазируфта бо ў ба ҷанг медарояд. Ҳазрати Алӣ Қаҳ- Қаҳаро мекушад. Як қисми сокинон исломро қабул мекунанд ва он қисмате, ки дини исломро қабул намекунанд ба Кофаристон (Нуристони) кунуни рафта сокини он минтақа мегарданд. Бояд ёдовар шуд, ки бо номи Қаҳ-Қаҳа ду то қалъа дар Истаравшани вилояти Суғд, як қалъаи дигар айнан бо ин ном дар Санглеҷи Афғонистон боқӣ мондаанд.

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба қалъа

Қалъаи Қаҳқаҳа дар роҳи асосии мошингарде ки шаҳри Хоруғро бо ноҳияи Ишкошим пайваст мекунанд ҷойгир аст. Сайёҳоне ки ба тамошои ин макон мераванд метавонанд аз таксӣ ё нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунанд. Ба қалъа инчунин тавассути сафар аз Мурғоб то маркази Ишкошим расидан мумкин аст. Ишкошим як шаҳраки сарҳадист дар назди пуле ки Тоҷикистону Афғонистонро мепайвандад. Аз ин рӯ сайёҳон ки аз тарафи Афғонистон меоянд метавонанд ба қалъа ворид шаванд.

Душанбе

Чойхонаи Роҳат

Дар маркази пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир шудааст. Чойхонаи Роҳат дар маркази пойтахт ҷойгир буда, ба онҷо таввасути таксӣ, автобус, тролейбус рафтан мумкин аст.

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Мақбараи Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ

Мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ яке аз ёдгориҳои нодири меъморӣ дар деҳаи Баҳораки ҷамоати Саричашмаи (Шӯрободи собиқ), ҳозира ноҳияи Шамсиддин Шоҳини мебошад. Мақбара дар наздикии дарёи Панҷ

Муфассалтар »
Вилояти Суғд

Искандаркӯл

Яке аз минтақаҳои зебоманзартарини куҳҳои Фон – Искандаркӯл, ки ба муносибати Искандари Мақдунӣ, ки мувофиқи ривоятҳо онро зиёрат кардааст, номгузор карда шудааст. Ин кӯли афсонави

Муфассалтар »