Маъбади Буддоӣ Дар Вранг

Маъбади Буддоӣ дар баландии 2805 метр аз сатҳи баҳр аз тарафи қаторкўҳҳои Шохдара дар самти шимолу шарқ ҷойгир аст. Он аз маркази шаҳри Хоруғ дар масофаи 185 км ва аз маркази ноҳия дар масофаи 90 км қарор дорад. Шакли архитектории ин дайр хеле ҷоллиби диққат аст. Вай аз панҷ иморати чоркунҷашакл, ки болои ҳамдигар мисли зинапояҳо сохта шудаанд иборат аст. Маъбад дар баланди ҷойгир буда аз деҳа намоён аст. Аз назди дайр бошад тамоми деҳа ва деҳаҳои гирду атрофи он, ҳам аз ин тарафи дарё ва ҳам аз он тарафи дарё (Афғонистон) намоён ҳастанд. Ин як ҷойи хеле қуллай барои тамошо манзараи зебоӣ Вахон аст.

Маъбад пурра аз санги маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ва рўйи девори якуму дуюми он ки аз таг қарор гирифтаанд кам-кам гилкорӣ шудаанд.. Тибқи тадқиқот майдоне, ки дар он маҷмўаи ибодатгоҳ ҷойгир аст гирдогирд девор карда шудааст. То кунун зердевораш боқӣ мондааст. Дарозии ин девор 180 метр, паҳноиш то як метр аст. Вобаста ба шаклу намуди теппа гирдогирди дайрҳо девор кардаанд, аз ин рў фақат девори тарафи шарқӣ рост девор карда шудааст. Дар ду кунҷи девор ду манора сохта шудаанд. Яке конусшакл (дар қисмати шимолу шарқ) дигаре чоркунҷашакл (аз тарафи ҷанубу шарқ). Ба ғайр аз ин берун аз девор дар назди девори шарқӣ ду майдончаи нимдоира сохта шудаанд. Девор ду даромадгоҳ доштааст. Яке аз тарафи ҷанубу шарқӣ дар кунҷи девори шарқӣ, дигаре даромадгоҳи шимолӣ дар миёнаи девори шимолӣ. Ҳар дуи ин даромадгоҳҳо дар доштаанд, ки зинапояояшон боқӣ мондаанд. Даромадгоҳи ҷанубу шарқӣ ду дар доштааст. Шояд ҳар дуи даромадгоҳ роҳрави хурде доштаанд, ки як дари берунию як дари даруни доштааст. Дар кунҷи девори шимолу ғарбӣ манораи секунҷашакли кунҷӣ ҷойгир будааст. Дар дохил дар майдон дар қисмати ғарбӣ асосан маҷмаъа (дайр) ба шакли зикуррати сезинадор сохта шудааст, ки масоҳаташ 12х12 м, 8х8м, 4х4м аст. Мардуми маҳаллӣ ин ёдгориҳоро ба сокинони сиёҳпўш (дорандагони либоси сиёҳ) нисбат дода чунин шунидаанд, ки дар ин паноҳгоҳҳо дар он давра шахсоне, ки ба гўронидани мурдагон сару кор доштаанд зистаанд, зеро тибқи анъана онҳо бояд аз мардум ҷудо зиндагӣ кунанд.

Аксҳо

Роҳои сафар ба дайри Буддоии Вранг

Дайри бузурги буддоӣ тақрибан 55 мил аз маркази шаҳраки Ишкошм дар санглохи назди деҳаи Вранг ҷойгир аст. Ба ин макон метавон тавасути сафар аз Хоруғ ба маркази ноҳияи Ишкошим, ва аз он ҷо бо таксӣ ва дигар мошинҳои кироя то деҳаи Вранг рафт. Мусофирон инчунини метавонанд ба тамошои маъбади Буддои дар Вранг тавасути шоҳроҳи Мурғоб ва Ишкошим сафар кунанд. Ҳангоми сафар ба Водии Вахон ва то расидан ба Вранг мусофирон аз тамошои силсилаи ёдгориҳои беназии табий дар Шоҳроҳи Абрешими қадим қад қади дарёи машҳури Панҷ як ҷаҳон таасурот мебардоранд. Ин ёдгориҳои аз қалъаҳои давраҳои Сосониёну Кӯшониён, маъбадҳои зардуштӣ ва буддои, мақбараҳо ва мазорҳои шахсиятҳои маъруфи олами Ислом чашмаҳои муқаддаси ва гарму шифобахш, куҳҳои пурбаъдан иборатанд. Аксарияти ин ёдгориҳо дар масофаҳои начандоне дуре аз ҳам дар роҳи мошинагардӣ воқеъ гардидаанд.

Ҷашнҳо

Сада

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Сада дар кишвари мо ҳар сол 30 январ расман

Муфассалтар »
Осоишгоххо

Осоишгохи «Пули Сангин»

“Пули сангин” яке аз беҳтарин пансионатҳо ва истироҳатгоҳҳои боҳашамати Тоҷикистон аст, ки дар соҳили дарёи Вахш, дар манзараи хеле зебои кишвар ҷойгир аст. Осоишгоҳ номи

Муфассалтар »
Вилояти Хатлон

Сарбанди НБО Норак

Сарбанди НБО Норак дар шаҳри Норак ҷойгир шудааст. Баландии сарбанди НБО Норак — 300 метр (то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба

Муфассалтар »