Боғи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ

Боғи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст.

Боғи мазкур макони асосии боздиди сайёҳон дар  шаҳри Душанбе буда, ҳамчун ёдгории муҳимтарини меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Боздид аз боғи  Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ  бо воситаи нақлиёт автомобил, автобус ба роҳ монда шудааст.

Ҳангоми боздид аз маконе, ки муҷассамаи мазкур воқеъ аст меҳмонон ва сайёҳон метавонанд маълумоти пурра дар бораи ҳаёту фаъолияти шоир ва таърихи боғи  “Боғи марказии фарҳангу фароғати” маълумот пайдо кунанд.  «Боғи устод Рӯдакӣ» аз нахустин рӯзҳои таъсис дорои толори хониш, бунгоҳи техникҳои ҷавон, хонаи варзиш, кинотеатри тобистона, майдончаҳои варзишии волейбол, баскетбол, футбол, гуштин ва ғ. буд.

Дар маркази боғ ҳайкали сардафтари адабиёти классикии форс-тоҷик устод Рӯдакӣ қомат афрохтааст, ки дар пояи он намоишҳои ҳунарӣ, мулоқоту дидорҳо бо донишмандону соҳибназарон баргузор мегарданд. Дар боғ аз самти хиёбони Рӯдакӣ 41 ҳавзу фаввора сохта шудааст, ки бо шуоъҳои рангоранги худ ба ҳусни он ҳусни тоза зам мекунанд.

Дар боғ дастаҳои драмаву хор ва мусиқиву рақс ҳунарнамоӣ мекунанд. Театри тобистона дорад, ки дар саҳнаи он гурӯҳҳои ҳунарӣ аз пойтахт, вилоятҳо, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва аз дигар ҷумҳуриҳои ИДМ консертҳо намоиш медоданд; донишмандону шахсиятҳои маъруф бо мардум мулоқот мекарданд. Боғ то соли 2008 7, 5 га масоҳат дошт. Соли 2008 ба таври куллӣ бозсозӣ шуд ва ба як истироҳатгоҳи сарсабзу гуворо бадал гашт.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Пиряхи Федченко дар ноҳияи Ванҷ

Федченко калонтарин пиряхи кӯҳӣ дар ҷаҳон аст, ки дар шимолу ғарбии Помир ҷойгир аст. Он аз нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Язглом оғоз шуда, ба нишебии шарқии

Муфассалтар »
Ҷашнҳо

Сада

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Сада дар кишвари мо ҳар сол 30 январ расман

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ағбаи Харгушӣ

Гузаргоҳи ағбаи Харгушӣ, дар баландии 4091 то 4344 аз сатҳи баҳр дар қисми шарқии ВМКБ ҷойгир аст. Он як нуқтаи стратегӣ барои пайвастани ду қисмати

Муфассалтар »