Шаҳри Карон

Харобаҳои шаҳри қадимии шаҳри Карон дар деҳаи Рузваи ноҳияи Дарвози ВМКБ дар масофаи 8,5 км аз маркази ноҳия дар баландии 1500-1700 метр аз сатҳи баҳр, 1000 метр дуртар аз деҳаи Рузвай дар кӯҳи Зоик ҷойгир шудаанд. Шаҳри Карон минтақаи табиатан дастнорас ва ҳифзшаванда аст. Бо сабаби бузургии масоҳати ин макон олимон тахмин мезананд, ки дар гузашта он шаҳри шоҳон ва макони ашроф буда, дар он шоҳ, хешовандон, лашкариён, ва хизматгоронаш зиндагӣ мекарданд.

Сарчашмаҳои таърихӣ аз мавҷудияти шаҳри қадими Карон миёна хабар медиҳанд. Аммо, ин макон то ба наздикӣ ҳамчун мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ва ҷозиб барои сайёҳон шинохта нашуда буд. Соли 2012 бостоншиносони тоҷик ва рус шаҳри Каронро дар ноҳияи Дарвоз кашф карданд. Мардуми маҳаллӣ ин ҷойро (Қалъаи кӯҳна меномиданд). Бостоншиносон аллакай дар шаҳри Карон боқимондаҳои маъбади Панҷманораи оташ, маъбадҳои обу шамол, осиёби бодӣ, пораи китоб (эҳтимол китоби муқаддаси зардуштиён) ва чанд бинои маъмуриро кашф кардаанд. Чунин ҳарфиётҳо дао бораи д мавҷуд будани шаҳри қадим дар ин макон гувоҳӣ медиҳанд.

Тарҳи меъмории Карон

Бостоншиносони тоҷик шаҳрро ба чаҳор бахш тақсим карда, пешниҳод кардаанд, ки дар қисмати якум ва ҳамвори он майдончаи бозӣ, бурҷи оташ, маъбади обӣ ва биноҳои ҷамъиятӣ ва дижи шоҳона (қаср) мавҷуд бошад. Ҳар яке аз ин қисматҳои бино санъати бойи ва анъанаҳои қадимии меъмории Дарвозро таҷассум мекунанд. Дар қисмати дуввум, дар шимол, дар минтақаи поёнии Верчи биноҳои истиқоматӣ мавҷуд будаанд. Дар қисмати сеюм болои Верчи дафн, макони лошахӯрӣ мавҷуд буд. Дар он ҷо боқимондаҳои се тахт аз сангҳои калон барои дафни мардон, занон ва тифлон мавҷуданд. Дар ин шаҳр дижи шоҳон дар баландии 300 м аз сатҳи об дар марказ ҷойгир будаст.

Бахши чорум Дашти Манора ном дошта ва дар қисмати ҷанубӣ 300 метр поёнтар аз диж ҷойгир аст. Бурҷе, ки Панҷманор ном дорад, ба бурҷи марказӣ пайваст будаст. Дар байни манораҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ аркҳо вуҷуд доштаст. Аз баски Панҷманор дар болои ҳамвории салибмонанд меистод онро ба таври рамзӣ ба бинои зардуштӣ меҳисобанд. Тахмини дигари бостоншиносон он аст, ки шояд Панҷманор ҳамчун бинои мусулмонӣ, бурҷи азон истифода мешуд. Дар даруни бурҷ тангае бо сиккаи шоҳи Кушониён Канишкаи III ва пораҳои зарфҳои сафолӣ ёфт шуданд. Кашфиёти дигаре, ки аз тарафи бостоншиносон дар шахри Карон бозёфт гардидааст, ин Маъбади об мебошад, ки дар масофаи 65м аз Панҷманор дар бахши ҷанубии пастхамие ба дарозии 90м ва паҳноии 50м ҷой дорад.

Яке аз бозёфтҳои дигари нодире ки дар шахри Карон кашф гардид ин лавҳи сангини болои миҳроб мебошад, ки 3м дарозӣ, 1м паҳноӣ ва 60см борагӣ дорад. Ин қадимтарин лавҳ дар дунё мебошад, ки ба бузургдошти Авесто аз шишасанг тарошида шуда аст. Лавҳ пора шуда, дар назди миҳроб мехобид, ки он аз тарафи тахкикотчиён ширеш карда шуда дар чояш монда шудааст. Дар шаҳраки Карон майдони чавгонбози дар бахши шарқии Панҷманор ҷой дошта, 300м дарозӣ ва 70м паҳноӣ доштаст. Майдони чавгонбозии қалъаи кӯҳна ба тамоми меъёрҳои ин бозии миллӣ ҷавобгӯ аст. Дар соли 2014 дар ин макон осори расадхона кашф шудааст. Бо назардошти ин бозёфтҳо шаҳри Карон ба рӯйхати мероси нодири фарҳангӣ шомил карда шуд.

Аксҳо

Роҳи сафар ба Карон

Ба шаҳри бостонии Карон метавон ба осонӣ аз Қалъаи Хумб, ки маркази ноҳияи Дарвоз аст, расид. Сайёҳон метавонанд бо таксиҳои муштарак одатаи (ҷипҳои маъмулие) ки аз Душанбе ба Хоруғ мераванд то ноҳияи Дарвоз сафар кунанд. Саёҳоне аз маркази Дарвоз ба самти шарқӣ ба Хоруғ ҳаракат мекунанд, дар масофаи 5 км лавҳаи хурди чӯбинро мебинанд. Ин нишона онҳоро ба теппае роҳнамоӣ мекунанд. Маҳз дар ҳамин теппа шаҳри ба қарибӣ кашфшуда ва таблиғшудаи Карон ҷойгир аст. Сайёҳоне, ки аз Хоруғ ба Дарвоз сафар мекунанд пас аз шаш соати ҳаракат дар қитъаҳои вайроншудаи шоҳроҳи Помир ба назди ин нишонаи шаҳри Карон мерасанд.

Осоишгоххо

Осоишгохи «Сатурн»

Осоишгоҳи нави «Сатурн» дар деҳаи Шамбари ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳори соли 2015 ба истифода дода шуд, ба табобати бемориҳои узвҳои меъдаю рӯда, бемориҳои

Муфассалтар »
Uncategorized

Пиряхи Грумм- Грижимайло

Грумм-Гржемайло пиряхест дар водиҳои Помири марказӣ. Он аз пояи қуллаи Инқилоб ва нишебиҳои қаторкӯҳи Язгулем сар мешавад. Ин пирях пас аз Федченко дуввумин пиряхи калонтарини

Муфассалтар »
Вилояти Суғд

Қасри Арбоб

Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷойгир аст. Маҷмааи Қасри Маданияти «Арбоб» бо ташаббуси Корманди шоистаи давлатӣ, Қаҳрамони

Муфассалтар »