Childukhtaron Hotel

Дар қалби кӯҳҳо ва мавзеи зебо меҳмонхонаи 5-ошёнаи «Чилдухтарон» бо тамоми шароити хизматрасонии ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир бунёд шудааст, ки имконияти дар як вақт қабул намудани то 100 нафар меҳмонро дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо тарҳу шаклҳои мухталиф, бахусус санъати волои меъмории миллӣ бунёд шуда, хизматрасонӣ дар онҳо бо талаботи имрӯза ба роҳ монда шудааст.

Меҳмонхона дорои 50 ҳуҷра буда, аз апартаментҳо, ҳуҷраҳои люкс, ҳуҷраҳои ним-люкс ва ҳуҷраҳои стандартӣ иборат мебошад. Дар баробари ин, меҳмонхона дорои тарабхона, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои баргузории конфронсҳо ва маҷлису мизҳои мудаввар ва ҳаммом мебошад.

Саҳн ва шафати меҳмонхона бо гулу буттаҳо, сабзаву ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда ва ҳамешасабз, инчунин бо боѓча ороиш дода шудааст.

Дар шафати меҳмонхона барои меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо усулҳои хоси миллӣ хонаҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла хонаҳои хатлонӣ, бадахшонӣ, суѓдӣ ва раштӣ бо тамоми шароити зарурӣ бунёд карда шуданд.

Осоишгоххо

Осоишгохи «Сароб»

Дар Сароб шумо метавонед аз истироҳати фароғат баҳравар шавед ва ба саломатӣ фоидаи ҳадди аксар ба даст оред. Осоишгоҳ имкон медиҳад, ки аз мушкилот ва

Подробнее »
Душанбе

Боғи Ғалаба

Боғи Ғалаба дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Боғи Ғалаба соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд гардидааст. Ин боғ бо

Подробнее »
Вилояти Хатлон

Сарбанди НБО Норак

Сарбанди НБО Норак дар шаҳри Норак ҷойгир шудааст. Баландии сарбанди НБО Норак — 300 метр (то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба

Подробнее »