Мақбараи Шоҳи Хомӯш

Мақбараи Шоҳи Хомӯш ёдгории таърихию меъмории асри XV-XVI буда. дар деҳаи Лангари ноҳияи Мӯъминобод ҷойгир шудааст. Номи Шоҳи Хомуш дар бисёр маъхазҳои таърихӣ аз асри XVI сар карда ҳамчун аҷдоди ҳокимони Бадахшон зикр шудааст. Маъхазҳои хаттӣ нишон медиҳанд, ки ӯ соли 1066 дар шаҳри Исфаҳони Эрон таваллуд шуда, дар назди шайхҳои маъруфи суфӣ таҳсил кардааст. […]

Мақбараи Султон Ҳувайси Қаранӣ

Сарзамини бостонии Ховалинг бо табиати зебо, мавзеъҳои фарҳангӣ ва муқаддаси таърихии худ муддати тӯлонӣ дили ҳар саиёҳро тасхир мекунад. Қисме аз саёҳон ба Ховалинг барои истироҳат, нӯшидани оби ширини чашмаҳои шаффофи он мераванд. Дар ҳоле ки қисмати дигар барои зиёрати макони муқаддас мераванд. Яке аз чунин макони муқаддас, ки солҳои дароз ба макони махсуси зиёратгоҳ […]

Мақбараи Имом Ҷафари Содиқ

Мақбараи Имом Ҷафари Содиқ ёдгории таърихию меъмории асри VIII буда, дар наздикии деҳаи Ҳазрати Эмоми мавзеи Болодараи Даштиҷум дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шуробод) воқеъ гардидааст. Мақбараи Имом Ҷафари Содиқ иншооти росткунҷа буда, аз хишти пухта бино гардидааст. Имом Ҷафари Содиқ яке аз пайвандони пайғамбари дини мубини Ислом ҳазрати Муҳаммад салалоҳи алайҳи васаллам мебошад.Мақбара аз […]

Мақбараи Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ

Мақбараи Ёрмуҳаммади Валӣ яке аз ёдгориҳои нодири меъморӣ дар деҳаи Баҳораки ҷамоати Саричашмаи (Шӯрободи собиқ), ҳозира ноҳияи Шамсиддин Шоҳини мебошад. Мақбара дар наздикии дарёи Панҷ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мавҷуд аст.Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Номи пештараи он Шӯрообод буда дар соли […]

Қалъаи Вамар

Қалъаи Вамар яке aз ёдгориҳои боҳашамати таърихӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Қалъаи Вамар дар қисмати ҷанубӣ ва ғарбии шаҳраки Вамар, дар соҳили дарёи Панҷ ҷойгир аст. Шаҳраки Вамар маркази маъмурии ноҳияи Рӯшон дар макони ҳамворе ҷойгир шудаст ки дарёҳои Бартанг ва дарёи Панҷ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ҳам меомезанд. Дар муқоиса […]

Кофарқалъа ва Оташкадаҳои Боғев

Кофирқалъаи Боғев дар деҳаи Боғеви водии Сучон ( Ғунд)-и ноҳияи Шуғнони ВМКБ 30 км аз маркази вилояти Бадахшон дар самти шарқу ҷануб дар он ҷое, ки рўди Боғевдара ба дарёи Ғунд мерезад ҷойгир аст. Қалъа дар баландии 2390 метр аз сатҳи баҳр дар қисмати ҷанубу ғарбии деҳаи Боғев дар болои шахи калону баланд, воқеъ мебошад. […]

Қалъаи Қаҳ-Қаҳа

Қаҳ-Қаҳаи ноҳияи Ишкошим аз маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ дар масофаи 115 км, аз маркази ноҳия дар масофаи 5 км дар самти ҷанубу шарқи дар баландии 2642 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, мавқеи ҷойгиршавиаш чунин аст. Қалъаи Қаҳ-Қаҳа яке аз калонтарин қалъаҳои ВМКБ ба шумор меравад. Қалъа дар болои шахи калону баланд сохта шудаааст. Аз […]

Қалъаи Ямчун, ноҳияи Ишкошим

Қалъа дар баландии 3164 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин қалъа дар қисмати шарқию шимолии ноҳияи Ишкошим дар масофаи 178 км аз маркази маъмурии ВМКБ шаҳри Хоруғ ва аз маркази ноҳия Ишкошим дар масофа 72 км қарор дорад. Ривояти Ямчун Дар миёни сокинони ноҳияи Ишкошим то кунун ривоятҳое оид ба қалъаи Ямчун боқӣ мондаанд, […]

Санги тақвими офтобӣ дар деҳаи Ямг

Санги тақвимӣ дар деҳаи Ямг дар масофаи 500-600 метр аз тарафи чапи роҳи мошингарди Хоруғ- Лангар дар самти шимолу ғарб дар баландии 2805 метра аз сатҳи баҳр љойгир аст. мебошад. Деҳаи Ямг аз маркази шаҳри Хоруғ дар масофаи тақрибан 180 км дуртар, ва аз маркази ноҳия 80 км ҷойгир аст. Ин санг аз тарафи донишманди […]

Мағораҳои Шахта, ноҳияи Мурғоб

Ин ғор дар масофаи 40 км дар тарафи ҷанубу-ғарбии маркази ноҳияи Мурғоб ҷойгир аст. Ғор даромадгоҳи кушод дошта, дохили он хушк ва рўяш ба тарафи офтоббаро яъне ба шарқ мебошад. Паҳноии он дар даромадгоҳ 7,5 метр ва чуқурии он 6 метр мебошад. Ғор дар натиҷаи кафиши тектоникӣ ба вуҷуд омадааст. Дар калпи ғор 7- расм […]