Кӯҳи Намаки Хоҷа Муъмин

Хоҷа Муъмин – кӯҳи намак дар ҷануби Тоҷикистон, дар масофаи 25-километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб ва 7 км дуртар аз шаҳраки Ҳулбук (маркази ноҳияи Восеъ) ҷойгир аст. Кӯҳи намаки Хоҷа Муъмин ба гунбази азиме шабоҳат дорад, ки тақрибан 900 метр аз ҳамвории атроф баланд аст ва баландии мутлақ 1332 метр аз сатҳи баҳр мебошад. Он […]

Пиряхи Грумм- Грижимайло

Грумм-Гржемайло пиряхест дар водиҳои Помири марказӣ. Он аз пояи қуллаи Инқилоб ва нишебиҳои қаторкӯҳи Язгулем сар мешавад. Ин пирях пас аз Федченко дуввумин пиряхи калонтарини Помир аст. Пиряхи Грумм-Гржемайло дар водии Танимас, дар Помир ҷойгир аст. Дарозии пирях 37 км буда, масоҳати 142,9 кв. км, баландии охири он 3610 метр аст. Қисмати асосии пирях дар […]

Водии Бартанг

Бартанг яке аз он водиҳо ва самтҳоест, ки таваҷӯҳи ҳам сайёҳони маҳаллӣ ва ҳам хориҷӣ, олимон ва дӯстдорони саёҳат, табиат ва фарҳангро солҳост ки ба худ кашидаст. Бе сабаб нест, ки нависандаи советии рус Павел Лукнитский навиштааст. «Ҳар ки ба Бартанг сафар на кардаст, Помирро надидаст!» Мардуми водии Бартанг тарзи махсуси зиндагиеро пеша намуда, фарҳанги […]

Дурумқӯл

Ин кӯли зебо тақрибан дар 80-километрии шарқи шаҳри Хоруғ ва 38 километр аз маркази ноҳияи Роштқалъа ҷойгир аст. Меҳмонон метавонанд саёҳати худро бо мошин то деҳаи Дурум идома дода аз он ҷо пиёда то кӯл сайругашт кунанд. Дурумқул дар баландии 3345m аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин кӯл замоне баста шуд, ки маҷрои дарёҳои Дурумдара […]

Қуллаи Энгельс

Қуллаи Энгельс дар қисми марказии қаторкӯҳи Шоҳдара ” дар ҷанубу ғарби Помири Тоҷикистон дар баландии 6510 м ҷойгир аст. Дар пойгоҳи шимолии қулла пиряхи Назпар воқеъ аст, дар пойгоҳи ҷанубии он пиряхи Киштиҷароб ҷойгир аст. Аввалин бор сайёҳони рус дар охири асри XIX ба қисми ҷанубии ин қулла дар соли 1954 баромада буданд. Баъди ин […]

Ағбаи Харгушӣ

Гузаргоҳи ағбаи Харгушӣ, дар баландии 4091 то 4344 аз сатҳи баҳр дар қисми шарқии ВМКБ ҷойгир аст. Он як нуқтаи стратегӣ барои пайвастани ду қисмати Помир, (шарқӣ ва ғарбӣ) дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон аст. Роҳ ба суй ин ағба аз ду тарафи аз даштҳои Мурғоб тавасути деҳаи Аличур аз шарқ, ва аз деҳаи Лангари […]

Зоркул

Кӯли Зоркул дар шарқи Помир дар байни ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошим ҷойгир аст. Он аз шарқ то ғарб ба масофаи 25 км тӯл мекашад ва масоҳати 87,700 гектарро фаро мегирад. Ҳудуди кӯл 389 километри мураббаъ буда, дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Баландии мутлақи он 4126 м аз сатҳи баҳр аст. Дарозии […]

Кӯли Булункул ва Гейзер

Яке аз кӯлҳои дигари Помир, ки дар руйхати маконҳои саёҳии муайяншуда воридшудааст, Булункӯл мебошад. Ин кӯли начандон калон дар баландии 3700 метр аз сатҳи баҳр дар водии фарохи миёни кӯҳҳо дар назди дарёи Иссиқбулоқ дар Помири Шарқӣ воқеъ мебошад. Кӯли Булункул пайдоиши тектоникӣ дошта, дар баландии 3700 м, дарозии 1,5-2 км, паҳноии 200-500 м ҷойгир […]

Ривояти Яшилкӯл

Аҳолии тоҷики муқими ноҳияи Мурғоб низ ин кӯлро Суманкӯл меноманд. Тибқи ҳикоя духтаре бо номи Суман бо як писари хурдсол вомехӯрад ва онҳо ошиқ шуда, ба ҳамдигар ваъда медиҳанд, ки то лаҳзаи охирин издивоҷ мекунанд ва якҷоя зиндагӣ мекунанд. Аммо, Суманро ба зӯрӣ ба шахси дигар доданӣ буданд. Суман ба асп савор шуда, гурехт. Мардони […]

Қароқул Ақташ

Хамгашти Ақташ-Қароқул дар километри 95-уми шоҳроҳи Мурғоб-Қароқул ҷойгир буда, водии Бартангро бо доманакӯҳи Мурғоб мепайвандад. Дар ин чорроҳа саёҳон манзараҳои зебои соҳили ҷанубии кӯли Қаракулро (ба забони туркӣ кӯли сиёҳ) тамошо мекунанд. Чорроҳаи Қарокӯл Ақташ дар масофаи 25 км аз деҳаи Қарокӯл ҷойгир аст ва тавассути он роҳи мошингард ба водии Бартанг тавассути ағбаи Кӯк […]