Боғи Ғалаба
Боғи Ғалаба дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Боғи Ғалаба соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд гардидааст. Ин боғ бо
Шаҳри Душанбе дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ инфрасохтори мукаммал беш аз пеш фаъолият ва хизмат мерасонад, ки ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва техникӣ мубаддал гаштани пойтахти кишварамон ҳамзамон, барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ин васила мустаҳкам кардани имиҷи кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ, заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба рушди соҳаи сайёҳии пойтахт, инчунин мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои бостонӣ ва меъморӣ, муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ғайра мусоидат менамоянд.
Айни замон дар ҳудуди шаҳр 40 меҳмонхона ба сокинон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ хизматрасонӣ намуда истодаанд. Ҳамзамон, мавҷудияти 10 боғи фарҳангу фароғатӣ, се боғи ҷумҳуриявӣ дар маркази пойтахт макони сайру саёҳати сокинон ва сайёҳони кишвар гаштааст.
Яке аз масъалаҳои муҳими баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ, ин узвият ба созмонҳо ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонии сайёҳӣ ва иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад.
Бояд қайд намуд, ки яке аз чунин ташкилотҳо, Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ буда, раёсати федератсияро шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой пеш мебарад. Зиёда аз 130 шаҳри дунё ва 70 узви институтсионалӣ аз ҳисоби ширкатҳои калони сайёҳӣ, ассотсиатсияҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, шабакаҳои меҳмонхонаҳо ва истироҳатгоҳҳо шомили федератсияи мазкур мебошанд.
Тибқи стратегия шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик узви Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ хоҳад шуд.
Айни замон як қатор ширкатҳои сайёҳӣ хатсайрҳои гуногунро ба минтақаҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла мавзеъҳои диданибоби шаҳри Душанбе, Душанбе-Қалъаи Ҳисор, Душанбе-Сафед-дара, Душанбе-Норак (ду намуд), Душанбе-Искандаркӯл (ду намуд), Душанбе-Варзоб, Душанбе-Ромит, Душанбе-Муъминобод (бо фарогирии ноҳияҳои Данғара, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб), Душанбе-Панҷакент, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Шаҳритуз (бо фарогирии мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»), Душанбе-Бадахшон мунтазам роҳандозӣ намуда истодаанд.
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе 3 ёдгории бостонӣ қалъаи Мир (Боғи Ирам), димнаи Шишахона, шаҳраки Чормағзтеппа, қалъаи Искандартеппа, 4 ёдгории монументалӣ, аз қабили маҷмааи меъмории Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷмааи меъморӣ ва монументалии Садриддин Айнӣ ва 12 ёдгории меъморӣ мавриди баҳрабардории сокинону меҳмонон қарор дода шудааст. Дар шаҳр 62 тарабхона, 70 қаҳвахона, 156 ошхонаи миллӣ, 5 маркази дилхушӣ, 9 хизматрасонии хушкашӯи, 2 чойхона, 59 муассисаи табобатию профилактикӣ барои қабули меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат менамояд.
Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ шаҳри Душанбе аз лиҳози таъмини амнияти шабона ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарин ворид шудааст, ки барои ҷалби бештари сайёҳон мусоидат намуда, дар ин замина тамоми иншооти таърихию фарҳангии шаҳр ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид карда шудааст.
Боғи Ғалаба дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Боғи Ғалаба соли 1975 ба муносибати 40-солагии Ғалаба бар Олмони фашистӣ бунёд гардидааст. Ин боғ бо
Боғи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ дар қисми шимолӣ ҷойгир шудааст. Боғи Садриддин Айнӣ боғи фарҳангию фароғатӣ, ки соли
Дар маркази пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир шудааст. Чойхонаи Роҳат дар маркази пойтахт ҷойгир буда, ба онҷо таввасути таксӣ, автобус, тролейбус рафтан мумкин аст.
Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Теҳрон ҷойгир аст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе воқе буда, ба
Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Теҳрон ҷойгир аст. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе воқе буда, ба
Боғи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст. Боғи мазкур макони асосии боздиди сайёҳон дар шаҳри Душанбе буда, ҳамчун
Боғи Парчами миллӣ соли 2012 бунёд шудааст ва масоҳаташ 16,68 га мебошад. Боғи Парчами миллӣ дар шаҳри Душанбе, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад. Боғи
Кохи Наврӯз дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 14/2, шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Кохи Наврӯз дар маркази пойтахт ҷойгир буда, ба онҷо таввасути таксӣ, автобус, тролейбус рафтан
Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони Дӯстӣ дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Дар соли 1999 дар майдони Дӯстӣ дар (собиқ майдони ба номи Ленин ва “Озодӣ”),