Қалъаи Мир-и Балҷувон

Қалъаи Мири Балҷувон дар теппае дар маркази ноҳияи Балҷувон, дар соҳили рости дарёи Сурхоб ҷойгир аст. Қароргоҳи Бек, бо қалъаи хурд дар деҳаи иборат аз 300 ҳавлӣ баландии 2720 м аз сатҳи баҳр дар соҳили рости дарёи Қизил-су ё Балҷувондарё ки дар ҷануб ба Амударё ҳамроҳ мешавад, воқеъ гардидааст.Ноҳияи Балҷувон аз шаҳри Душанбе 175 км дуртар, аз шаҳри Бохтар 127 км ва аз шаҳри Кӯлоб 69 км дуртар ҷойгир аст. Мувофиқи тавсифи саёҳони аввали асри ХХ, дар як нимҷазира қалъа ва дар дигараш ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва хоҷагӣдорӣ мавҷуд буданд. Бостоншиносон қалъаро ба охири асри 19 – аввали асри 20 мансуб медонанд.

Тарҳи меъмории қалъа

Қалъа дар деҳа ва ҷамоати Балҷувон ҷойгир буда, аз хишти сурхи пухта сохта шудааст ва аз гунбази калон ва ду гунбази хурд иборат аст. Аз қисми пеши қалъа даромадгоҳе бо дари чӯбини кандакоришуда бо тарҳи арк мавҷуд аст. Сохтмони қалъа нотамом аст ва аз ду дари кандакории чӯбӣ иборат аст. Дар қафои қалъа зинапояҳо мавҷуданд, ки ба қисми болои гунбазҳои бино мебароянд. Аз болои саҳни ҳавлии қалъа ноҳияи Балҷувон намоён аст. Қалъа дар дохили деҳа ҷойгир дар санглохе ки ҳамчун нимҷазира дар сатҳи баланд (60-70 метр) дар соҳили рости дарёи Сурхоб, қомат афрохтааст.

Таърихи Қалъа

Бо вуҷуди он ки ҳозир аз бинои асосии қалъаи Мири Балҷувон харобае беш боқӣ намондааст, пас аз бунёди худ ин қалъа борҳо шоҳиди безабони воқеъоти бузурги таъғири ҳокимият ва исёни мардумӣ дар Балҷувон гардидааст. Дар ин қалъа даҳҳо нафар ҳокимон бо номи бекҳо ё мирҳо истиқомат намуда аз болои мардуми Балҷувон ҳукм меронданд.

Маълумоти асосӣ дар бораи Қалъаи Балҷувон аз охири асри 19 – ибтидои асри ХХ сарчашма мегирад.Маҳз дар ҳамин давра намояндагони аморати Бухоро ҳамчун Беки Балҷувон яке аз паси дигаре таъин мегардиданд. Мардуми маҳаллӣ ба сиёсати ғоратгаронаи бекҳо яъне ҷамъ намудани миқдори зиёди андозҳои ғайриқонуниро аз деҳқонони камбағал тоб наоварда борҳо исён бардоштанд. Аммо ин исён ба зуди аз тарафи сарбозони амир ки ба ёрии бекҳо меомаданд, пахш мешуданд. Дар ин давраҳо ҳатто сарбозони дигар вилоятҳо ва бекигарӣ дар қалъаи Мири Балҷувон истода аз беки Балҷувон дифоъ ме карданд.

Соли 1888 қалъаи Балҷувонро исёнгарони маҳаллӣ, ки бар зидди ҳукмронии аморати Бухоро бархоста буданд, ду маротиба ғасб карданд. Дар таърихи миллӣ ин шӯриш бо номи “Шӯриши Восеъ” маъруф аст, зеро ба шӯришиён як деҳқони далер Абдул Восе сарварӣ мекард, ки қалъаи стратегии Балҷувонро забт карда, бекро аз он ҷо ронданд. Ба ёрии бекҳо амири Бухоро қувваҳоро аз Ҳисор Кулоб ва Дарвоз бо тупҳо фиристод ва шӯришро саркуб намуд. Таърихшиносон қаид мекунанд, ки то ин давра 20 ҳоким дар қалъаи Балҷувон иваз шуда буданд, ва ҳар яки онҳо ба болои мардуми маҳаллӣ андози гарон меандохтанд. Охирин беки Балҷувон баъди ғалабаи ҳокимияти Советӣ ҳамсун ревкоми ноҳияи Балҷувон таъин шуда буд. Дар солҳои ҳокимияти Советӣ Балҷувон ҳамчун ноҳия таъсис рушд намуд.

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба қалъа

Ба Балҷувон метавон аз роҳи асосии мошингарди Душанбе- Данғара ва Темурмалик cафар намуд. Ҳукумати ҷумҳурии ин роҳро бо маблағи зиёд мутобики стандарти байналмилалӣ таҷдид намудааст. Ин роҳи марказӣ хатсайри беҳтарини сафар ба сӯи ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг мебошад. Роҳи дигаре ки тавасути он саёҳон метавонанд ба Балҷувон расанд аз шаҳри Кулоб ба Балҷувону Ховалинг меоянд. Сайёҳон инчунин метавонад аз Бохтар тавассути Данғара ба Балҷувон сафар кунад.

Uncategorized

Шаҳри Карон

Харобаҳои шаҳри қадимии шаҳри Карон дар деҳаи Рузваи ноҳияи Дарвози ВМКБ дар масофаи 8,5 км аз маркази ноҳия дар баландии 1500-1700 метр аз сатҳи баҳр,

Муфассалтар »
Душанбе

Чойхонаи Роҳат

Дар маркази пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир шудааст. Чойхонаи Роҳат дар маркази пойтахт ҷойгир буда, ба онҷо таввасути таксӣ, автобус, тролейбус рафтан мумкин аст.

Муфассалтар »
Ҷашнҳо

Сада

Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Сада дар кишвари мо ҳар сол 30 январ расман

Муфассалтар »