Шоҳроҳи Помир

Шоҳроҳи Помир – яке аз хушманзартарин роҳҳои дунё ба ҳисоб рафта баландтарин роҳи собиқ иттиҳоди шуравӣ мебошад. Ин шоҳроҳ дар асри XIX пайдо шудааст.

Ин роҳи баландкӯҳи асфалтпӯшкардашуда воқеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад ки масофаи зиёда аз 70 километрро иҳота кардааст. Шоҳроҳ саросари марзи Афғонистон ва Хитой мегузарад. Ин минтақаи тамошобоб орзуи қарини ҳар як сайёҳ мебошад.

Ин роҳи хушманзар аз бейни платои баландкӯҳ, дараҳои бетаг, дашти марсианӣ ва биёбонҳо, пиряхҳо ва қаторкӯҳҳои доимо барфпӯш густурда шудааст. Калимаи “Помир” маънои “боми ҷаҳон”-ро дорад. Дар тӯли ин шоҳроҳ ағбаҳое ҷойгиранд, ки баландиашон зиёда аз 4 ҳазор метрро аз сатҳи баҳр ташкил медиҳанд.

Дар байни сайёҳон Шоҳроҳи Помир унвони роҳи хушманзартаринро сазовор шудааст, ки минтақаи баландкуҳро тай кардааст ва ба трассаи М41 дохил мешавад. Айни замон ин роҳи кӯҳи яке аз баландтарин роҳҳои асфалтпӯшкардашуда мебошад, ки чунин масофаи тӯлониро тай кардааст.

Дар ин роҳ шумо метавонед сайёҳони зиёдеро, ки тавассути мошинҳо, мотосиклҳо ва велосипед сайр мекунанд, дучор шавед. Дар Соли 2020 Шоҳроҳи Помир ба рейтиги ТОП-10 роҳҳои зебову хушманзартарини дунё дохил карда шуд. “Аксари ронандагон хоҳиш доранд саёҳати худро дар роҳҳои зеботарини заминамон гузаронанд. Аммо танҳо якчанд роҳҳои хушманзару фаромӯшнашаванда вуҷуд дорад, ки мехоҳед ба он ҷо боз ҳам баргардед” – мегӯянда муаллифони ин рейтинг дар бораи Шоҳроҳи Помир.

Осоишгоххо

Осоишгоҳи “Зумрад”

10 километр дуртар аз шахри Исфара, дар шимоли Точикистон, дар баландии 800 метр аз сатхи бахр, дар мавзеи хушманзара минтакаи машхури курорт — санаторияи «Зумрад»

Муфассалтар »
Мехмонхонахо

Safir Hotel 4*

Меҳмонхонаи тиҷоратии SAFIR дар Душанбе, 5,2 км аз роҳи кабелии Душанбе ҷойгир аст. Он боғ, таваққуфгоҳи ройгони хусусӣ, як утоқи муштарак ва террасро пешниҳод мекунад.

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ривояти Яшилкӯл

Аҳолии тоҷики муқими ноҳияи Мурғоб низ ин кӯлро Суманкӯл меноманд. Тибқи ҳикоя духтаре бо номи Суман бо як писари хурдсол вомехӯрад ва онҳо ошиқ шуда,

Муфассалтар »