Сарбанди НБО Норак

Сарбанди НБО Норак дар шаҳри Норак ҷойгир шудааст.

Баландии сарбанди НБО Норак — 300 метр (то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба шумор мерафт).

Нерӯгоҳи барқии ба номи Турсун Ӯлҷабоев НБО Норак – дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт – ро ташкил медиҳад.Сохтмони НБО-и Норак соли 1961 оғоз ёфт, агрегати якуми он 15 ноябри соли 1972, бо иқтидори 300 МВт ва нерӯгоҳ бо иқтидори пурраш (2700 МВт) – соли 1979 ба истифода супорида шуд. Соли 1988 ҳамаи нўҳ агрегати нерӯгоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии нерўгоҳ ба 3000 МВт расонида шуд.

Ҳамасола сайёҳони зиёд аз Сарбанди неругоҳ дидан менамоянд. Дар ин замина барои тамошои сайёҳон пайраҳа мавҷуд аст, ки тариқи он сайёҳону меҳмонон аз нуқтаҳои гуногун аз қабили нуқтаи тамошои манзараи умумии сарбанд ва неругоҳ, утоқи идорӣ, толори осорхона ва толори агрегатҳо дидан менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки дидан намудан аз сарбанди неругоҳ танҳо бо иҷозати мақомотҳои дахлдор сурат мегирад.

 Ёдгории мазкур бо шароити муосири хизматрасонӣ  таъмин гаштааст.

Ҷашнҳо

Тиргон

Тиргон ё ҷашни пухтани гандум дар замони тамаддуни арийҳо ҷашн гирифта мешуд. Тибқи ҳисоби григорианӣ он ба оғози моҳи тақвимӣ рост меояд ва ба 3

Муфассалтар »
Uncategorized

Сайёҳии астрономи

Туризми астрономӣ ё чуноне ки онро низ меноманд астротуризм як намуди нисбатан ҷавони сафар аст. Чун қоида, он аз сафарҳо ба ҷойҳои гуногуни сайёра барои

Муфассалтар »