Расадхонаи Шорбулоқ

Расадхонаи Шорбулоқ барои санҷидани Офтоб дар баландтарин нуқта дар собиқ Итиҳоди Шуравӣ дар баландии 4370 метр аз сатњи баҳа сохта шудааст. Дар он давра ин обсерватория бо ибтикори Саррасадхонаи астрономии Пулковои Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт Петербург) пурра фаъолият карда яке аз обсерваторияњои муҳими тадқиқотт ба шумор мерафт. Ин расадхона бо назардошти иқлими хоси Помири Шарқӣ сохта шудааст.

Таърихи бунёди расадхона

Ин расадхона дар мавзеи Шорбулоқи ноҳияи Мурғоби ВМКБ аз тарафи як қатор мутахассисони касбӣ сохта шудааст, ки ному насаби онҳо то кунун дар яке аз лавҳаҳои ёдгорӣ боқӣ мондааст. Дар аввал он расадхонаи «Экспедитсияи астрономии Помири Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ» ном дошт. Дар ин экспедитсия ду муассиса- Саррасадхонаи астрономии Пулково ва Институти тадқиқоти кайҳонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзиданд.Дар замони истиқлолияти Тоҷикистон он ҳамчун расадхонаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С. Умаров амал мекунад.

Расадхонаи мазкур барои таҳқиқи нурҳои кайҳонӣ пешбинӣ шуда ва назари ҷойгиршавии иқлимӣ дар ҷаҳон ягона аст. Аз замони бунёди он то солҳои охир дар он экспедитсияҳои олимони тоҷик намояндагон олимони астрономия аз Украина, Молдова, Славения, Россия ва Ҳиндустон ҳам дар тадқиқотҳо иштирок карданд. Бо Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2018 ба он номи Расадхонаи баландкӯҳи байналмилалии «30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» гузошта шудааст. Расадхонаи мазкур дар қатори расадхонаи Мауна Кеа, ки дар ҷазираи Ҳавайи ИМА ҷойгир аст, яке аз расадхонаҳои астрономии баландтарини ҷаҳон хоҳад буд. Мувофиқи арзёбии олимон гарчанде расадхонаи мавзеъи Шорбулоқ ҳаҷман хурд ҳам бошад, вале обу ҳавои он яке аз беҳтаринҳо буда, барои мушоҳидаҳои астрометрӣ ва астрофизикии объектҳои кайҳонӣ дар фосилаи васеи нурҳо – аз ултрабунафш то инфрасурх имкон медиҳад.

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба расадхона

Расадхонаи Шорбулоқ дар минтақаи Мурғоб, дар километри 310-уми шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб ҷойгир аст. Ба расадхона тавассути мошинҳои иҷора дар Хоруғ, Мурғоб ё Аличур, инчунин бо дучарха расидан мумкин аст. Сайёҳон метавонанд ба ин макони тавасути хатсайрҳои зерин расанд. Хоруғ-Шорбулоқ (дар канори шоҳроҳи Помир), Хоруғ-Вахон-Шорбулоқ, Ош-Шорбулоқ. Дар болои теппа тахтаи иттилоотӣ ва курсӣ гузоштан лозим аст, то сайёҳон нишинанд ва аз тамошои манзара гирду атроф ба ваҷд оянд.

Сафар ба мавзеъи Шорбулоқ таваҷӯҳи саёҳонро бо манзараҳои аҷиб дар гирду атрофи хеш ба худ мекашад. То расидан ба Шорбулоқ ва баргаштан аз он саёҳон аз тамошои намои дашту теппаҳо, роҳҳои Помири Шарқӣ баҳравар мешаванд. Гарчанде, ки расадхона кор намекунад баъди барқарор шудан дар оянда он метавонад ҳамчун истгоҳи сайёҳии махсус (барои физикҳо, астрономҳо) хидмат намояд. Сайёҳон метавонанд тавассути телескопи 70 сантиметр осмони пур ситораҳоро тамошо кунанд. Сайёҳони оддӣ, ба расадхона (аниқтараш, ба теппае, ки дар он ҷойгир аст) таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Аз болои ин теппа саёҳон манзараи аҷоиби кӯҳҳои баланди Шинҷони Чинро тамошо мекунанд.

Uncategorized

Қалъаи Қаҳ-Қаҳа

Қаҳ-Қаҳаи ноҳияи Ишкошим аз маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ дар масофаи 115 км, аз маркази ноҳия дар масофаи 5 км дар самти ҷанубу шарқи дар баландии

Муфассалтар »
Осоишгоххо

Осоишгохи «Сароб»

Дар Сароб шумо метавонед аз истироҳати фароғат баҳравар шавед ва ба саломатӣ фоидаи ҳадди аксар ба даст оред. Осоишгоҳ имкон медиҳад, ки аз мушкилот ва

Муфассалтар »
Намудҳои сайёҳи

Сайёҳии солимгардонӣ

Тоҷикистони офтобӣ ҳанӯз аз замони Шӯравӣ сайёҳонро аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон барои истироҳати табобатӣ ҷалб мекунад. Шифохона дар байни кӯҳҳо бо ҳуқуқ бузургтарин ва бузургтарин

Муфассалтар »