Меҳргон

Иди Меҳргон, дар баробари Иди Наврӯз, яке аз ҷашнҳои муҳими фарҳанги ориёӣ ба ҳисоб меравад ва бо зич пайваста аст. Агар Наврӯз ин рӯзи баробаршавии шабу рӯзи баҳорӣ бошад, Меҳргон ин баробаршавии шабу рӯз дар тирамоҳ ва ҷашни фаровонию ҷамъоварии ҳосилот мебошад.

Иди Меҳргон сарчашмаи худро аз давраҳои то мелодӣ мегирад. Бостоншиносон дар шаҳри қадимаи Панҷакент тасвири девориеро кашф кардаанд, ки ба асрҳои VI-VII таалуқ дорад ва дар он деҳқон ва ҷамъоварии гандум ба ҷуволҳо нақш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон ин ид дар соли 2009 аз нав таъсис ёфта ба сатҳи ҷашнҳои миллӣ баробар гардонида шудааст. Дар ин рӯз боғу гулгаштҳо бо дӯконҳои пур аз меваю сабзавоти тару тоза пур мешаванд, таъомҳои анъанавӣ тайёр карда мешаванд ва мардум бо либосҳои миллӣ дар бар ба рақсу бозӣ ҷашн мегиранд.

Меҳргон фурсате аҷибест то Тоҷикистонро боздид намуда ба муҳити фарҳанги бозинат ва таърихи қадими халқи тоҷик ғарк гардед. Бештар аз он, ин имконияти хубест аз табиати зебои тирамоҳии манзиламон ҳаловат бурда ҳосилоти нави тару тозаро бичашед.

Осоишгоххо

Осоишгохи «Хоча Оби Гарм»

Осоишгохи Хоча Оби Гарм соли 1934 ташкил ёфта буд. Осоишгоҳ дар 50 километрии шимоли Душанбе дар қисми марказии нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар баландии 1940-1960

Муфассалтар »
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ривояти Яшилкӯл

Аҳолии тоҷики муқими ноҳияи Мурғоб низ ин кӯлро Суманкӯл меноманд. Тибқи ҳикоя духтаре бо номи Суман бо як писари хурдсол вомехӯрад ва онҳо ошиқ шуда,

Муфассалтар »