Мақбараи Мавлоно Қутбуддини Нишопурӣ

Ин мақбара ба яке аз шахсиятҳои маъруф ва машҳури олами ислом Мавлоно Қутбиддин мансуб буда, 40 километр дуртар аз маркази ноҳия дар ҳудуди маҳаллаи Олучадараи боло ҷамоати Дегтур воқеъ аст.

Тарҳи меъмории мақбара

Мазор ё ин ки оромгоҳ аз хишти пухтаи бо сифати хуб чиндашуда иборат буда дар маркази он ба таври арка, нимдоира даромадгоҳ воқеъ аст. Даромадгохи он бо дари дутабақаи кандакоришуда оро дода шуда аст. Тирезаҳои он ба таври арка, нимдоира бо панҷараҳои чубӣ оро дода шуда аст.
Масоҳати мақбара1.15 га будаб он дар асри XVI сохта шуда, аз оромгоҳ иборат буд, ки бо мурури замон хароб гашта, соли 2003-юм аз нав барқарор карда шудааст.Дар дохили мақбара ду қабр ҷоигир шудааст ва болои онҳо бо матои сабз пушонида шудааст. Сақфи (потолок) бинои мақбара аз чӯб ва рангҳои гунонгун гулкори кардашудааст.

Гирду атрофи саҳни ҳавлии мақбара бо панҷараи оҳанин ҷудо гардида буд ва дар саҳни ҳавлии мақбара як ҳуҷра бо долони тақрибан 3 ба 5 метр ҷоигир шудааст, ки дар ҳолати хеле фарсуда қарор дорад. Аз руи сохти ин ҳуҷра маълум шуд, ки ҷои зисти посбони мақбара ва қабристон мебошад. Дар дохили ҳуҷра як кӯзаи шикаста аз гил сохта шудааст ва маълум гардид ки ин кӯзаро аз ҳамин қабристон пайдо кардаанд. Аз гуфтаҳои баъзе аз сокинони минтақа номи пурраи шахсе ки мақбара ба ӯ нисбат дода мешавад, Хоҷа Қутбиддин Яҳёи Нишопурӣ мебошад. Ин марди ориф дар асрҳои ХIII-XIV аз Нишопурӣ Эрон ба Балҷувон сафар карда ҳаминҷо аз дунё гузаштааст ва дар ҷое ба хок супорида шудааст. Вазорати фарҳанг мақбараи оромгоҳи Хоҷа Қутбиддин маблағи муайяне барои тармими ин мақбара ҷудо намудааст.

Аксҳо

Роҳи сафар ба мақбара

Мақбараи Мавлоно Қутбиддини Нишопурӣ дар қисмати ҷанубии маркази ноҳияи Балҷувон, дар деҳаи Оличадараи боло ҷойгир аст. Он аз маркази ҷамоати Сафар Амиршоев 5 км ва аз маркази ноҳия тақрибан 14 км дур аст. Ба он тавассути роҳи харобшуда аз маркази ҷамоат расидан мумкин аст.

Мехмонхонахо

Serena Hotel Dushanbe 5*

Меҳмонхонаи «Душанбе Серена» дар шаҳри Душанбе, дар масофаи 5 дақиқа аз Маркази савдои «Садбарг» ҷойгир шудааст. Он дорои ҳавзи беруна, маркази санаторию саломатӣ ва WiFi

Муфассалтар »