Қуллаи Энгельс

Қуллаи Энгельс дар қисми марказии қаторкӯҳи Шоҳдара ” дар ҷанубу ғарби Помири Тоҷикистон дар баландии 6510 м ҷойгир аст. Дар пойгоҳи шимолии қулла пиряхи Назпар воқеъ аст, дар пойгоҳи ҷанубии он пиряхи Киштиҷароб ҷойгир аст. Аввалин бор сайёҳони рус дар охири асри XIX ба қисми ҷанубии ин қулла дар соли 1954 баромада буданд. Баъди ин кашфиёт онҳо қулларо ба номи малика Мария (зани император Александри III Мария Феодоровна) гузоштанд. Баъдтар, дар замони Шӯравӣ, ин қулла ба ифтихори назариётчии коммунизм Фридрих Энгелс номида шуд.

Қуллаи Энгелс ҳатто дар фасли тобистон бо барф пӯшид ҳас. Дар мавзеъҳои пиряхҳои кӯҳӣ, дар деворҳои санглох ҳатто гулсанг ҳам вуҷуд надорад. Дар қисми поёнии дараи Киштиҷароб (ки дар он лагерҳои асосии экспедитсияҳои кӯҳнавардӣ ташкил карда мешаванд) алафҳо мерӯянд. Шароити на он қадар хуби зимистони Помир ва набудани наботот боиси бад инкишоф ёфтани фаунаи қулла Энгелс ва марғзор назди он гардидааст. Дар дараҳо барои ҳайвоноти калон ғизо нест, зеро танҳо мушҳо, мурғҳои заминӣ ва ҳашаротҳо мавҷуданд.

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба мавзеъ

Ба марғзори назди қуллаи Энгельс метавон аз деҳаҳои Зонг ва Дирчи Ишкошим метавон расид. Роҳ ба қуллаи Энгельс аз деҳаи Зонг таввасути пиёдагардӣ оғоз меёбад. Зонг дар ҷанубу шарқ аз шаҳри Хоруғ дар ноҳияи Ишкошим (водии Вахон) ҷойгир аст. Масофа аз Хоруғ то Зонг 217 км ва аз маркази ноҳияи Ишкошим 115 км аст. Аз деҳаи Зонг, кас метавонед тавассути марғзор ба лагери пойгоҳи Маркс ва Энгелс сафар/пиёда барояд. Пиёдагардӣ (треккинг) ва наздик шудан ба марғзори Қуллаи Энгелс хеле ҷолиб аст. Деҳаи Зонг маркази маъмурии Ҷамоати Зонг мебошад, ки 240 хонавода дошта, 2221 нафар аҳолӣ дар он иқомат доранд. Дар деҳаи Зонги Вахон макони бисёр ҷойҳои муқаддас ва ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Дар ин ҷамоат Виршимқалъа (Абрешимқалъа), қалъаҳои Дирчубгаш-Крчабуқ, Қарқалъа, Хамчқалъа, Оташкада, Паноҳгоҳи Дирч, Чилтан дарахти муқаддас, остони шасти Муртазо Алӣ, санги муқаддаси Биби Фотимаи Заҳро, хонаҳои қадим, хона-музейи Пир Саид Карамалишоҳ ва дигарон мавҷуданд.

Намудҳои сайёҳи

Сайёҳии кӯҳнавардӣ

Тоҷикистон барои дӯстдорони кӯҳнавардӣ биҳишт аст. Кишвар дар қаторкӯҳҳои Помир ҷойгир аст ва дорои бисёр кӯҳҳои баланд, аз ҷумла Пики Ленин мебошад, ки яке аз

Муфассалтар »
Uncategorized

Қалъаи Қаҳ-Қаҳа

Қаҳ-Қаҳаи ноҳияи Ишкошим аз маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ дар масофаи 115 км, аз маркази ноҳия дар масофаи 5 км дар самти ҷанубу шарқи дар баландии

Муфассалтар »
Турпакетҳо

ТУРСУНЗОДА

Шаҳри аграрии Тоҷикистон, ки бо боғҳои пурмаҳсули ангур, мардуми меҳнатдӯст ва корхонаи калони алюминий машҳур аст. Фасл: — март-ноябр Ба нарх дохил карда шудааст: —

Муфассалтар »