Тахти Сангин

Тахти Сангин макони машҳури таърихӣ дар тамоми Тоҷикистон аст. Он дар масофаи 34 км дуртар аз ноҳияи Қабодиён дар омезиши ду дарё, яъне Вахш ва Панҷ ҷойгир аст. Пайдоиши он ба асри IV пеш аз милод ва асри III милодӣ рост меояд. Масоати умумии ин мавзеъ 75 гектарро ташкил медиҳад. Тахти Сангин аз ҷумлаи нӯҳто маконе ном бурда мешавад, ки Тоҷикистон онҳоро ба феҳристи Мероси Ҷаҳонӣ, ки ЮНЕСКО, пешбарӣ кардааст.

Таърихи макон

Тахти Сангин яке аз маконҳои шаҳрӣ будааст. Пайдоиши шаҳри Тахти Сангин ба асрҳои IV-III пеш аз милод рост меояд ва сохтмони он таҷассумгари фарҳангҳои меъмории форсии қадим ва баъдтар юнонӣ мебошад. Ин шаҳр бо деворҳо иҳота шуда буд ва кӯчаи марказии шаҳр то бозор сангфарш будааст. Дар маркази шаҳр ду бинои калон: маъбади Оксус ва бинои калони маъмурӣ фаъолият мекарданд. Ин ду бино ҳамчун маркази ибодат фаъолият мекарданд. Дар даруни яке аз онҳо утоқҳои корӣ дар марказ дар давраи ҳукмронин Юнону Бохтар вуҷуд доштаст. Дар ин бинои маъмурӣ мақомот маскун шуда дар шаҳр ҳукм меронданд ва роҳҳои тиҷоратии мавҷударо назорат мекарданд. Дар ҳоле ки бинои дар марказ воқеъ буда аз хишти пухта сохта шуда буданд, боқимондаи манзилҳои ин минтақа зоҳиран бо санг ва похсаҳо сохта шудаанд.

Ин шаҳр дар як макони ҷуғрофии стратегӣ дар роҳи тиҷоратӣ, ки Қундуз (Афғонистони кунунӣ) -ро ба воҳиди Қубодиён мепайвандад, бунёд ёфтааст. Роҳи корвоне, ки аз Тахти Қубод, қалъаи дигар дар соҳили дарёи Кофирниҳон меомад, шаҳри Тахти Сангинро бо водии Ҳисор мепайваст ва дар самти шимолу шарқтар ба Чин мерафт. Шаҳри Тахти Сангин дар чорроҳаи Шоҳроҳи Абрешим воқеъ будаст. Он ҳамчун маркази маъмурӣ, савдо ва ибодат бо маъбади зебои зардуштӣ дар давраи Ахоҳаманишиҳо рушд кардааст. Гумон меравад, ки сулолаи Кушониён ин минтақаро соли 130 пеш аз милод забт кардаанд ва ин макон дар давоми ҳукмронии онҳо тадриҷан хароб шудааст.

Тарҳи меъмории Тахти сангин

Дар ин шаҳр як қалъаи мустаҳкаме мавҷуд будааст. Ҳафриётҳо дар дохили ин шаҳр ёдгории Маъбади Оксро (номи ҷуғрофии юнонии дарёи Аму-Дарё) кашф карданд. Маъбад дар асри III пеш аз милод сохта шуда, то асрҳои III-IV истифода шудааст. Аксари муаррихон ақидаеро пешниход кардаанд, ки ин қаср барои худои дарёи Вахш -Ошхо сохта шудааст. Дар дохили маъбад толоре бо чор сутуни сафед вуҷуд дошт. Баландии деворҳои он 5 метр буд. Толори Сафед бо долонҳо аз ҷануб, ғарб ва шимол иҳота гардидааст. Даромадгоҳи Толори Сафед дар тарафи шарқ мебошад. Дар ду ҷониби толор ё кохи сафед утоқҳои симметрии оташдон ҷойгир шуда буданд. Ба гуфтаи муҳаққиқон, оташи муқаддас дар кохи сафед нигоҳ дошта мешуданд.

Дар он ҷо якчанд қурбонигоҳҳои сангин, ки тибқи анъанаи юнонӣ сохта шудаанд, вуҷуд доштанд. Худи қурбонгоҳ дар бинои асосии нав буд, ки гузаргоҳи он аз Айвон мегузашт. Дар назди даромадгоҳ равоқҳо буданд, ки ду қатор сутунҳо доштанд. Равоқҳо бо утоқҳо аз ҷануб ва шимол иҳота шуда буданд. Яке аз ин ҳуҷраҳо даромадгоҳ ба айвон (хонаи тобистона) дошт. Дар тарафи шарқии равоқҳо ҳавлии маъбад вуҷуд дошт.. Сутунҳои маъбад 6 метр баландӣ доштанд ва бар зинапоя асос ёфта, ба сутунҳои шаҳрҳои зебои Афинаи қадим шабоҳат доштанд.

Аксҳо

Роҳҳои сафар ба ин макони саёҳӣ

Ба ин макон метавон бо мошин аз Қубодиён сафар кард. Ба он ҷо метавон аз Шаҳритуз низ ба осонӣ расид. Тахти сангин ба ноҳияи Шаҳритуз наздиктар аст. Роҳи асосии сафар ба ин макон роҳи автомобилгардест, ки Бохтарро бо Қубодиён мепайвандад. Қубодиён яке аз беҳтарин макон барои саёҳати таърихӣ, динӣ ва бостоншиносӣ мебошад.

Беҳтарин ва ҷолибтарин макон барои сайёҳон сафари фарҳангӣ аз Душанбе ба Бохтар то Шаҳритуз ва ноҳияи Қабодиён хоҳад буд. Тавсифи мухтасари ин масир Душанбе -Бохтар – Шаҳритуз (Чилучор Чашма) чунин аст. Пас аз истироҳат дар ин чашма саиёҳон метавонанд ба масири Чирик – Тешик -Тош рафта, ба Тахти Сангин бирасад. Аз ин шаҳри бостонӣ онҳо метавонанд роҳи Шаҳритуз – Сайёдро, ки маҷмааи Хоҷа Машад дар он ҷойгир аст, пеш гиранд. Аз Хоҷа Машад онҳо метавонанд инчуни тавассути Шаҳритӯсу Қабодиён ба деҳаи Янгиобод, деҳаи Саноат ва баъд ба шаҳрҳои Бохтар ва ба Душанбе сафар кунанд.

Намудҳои сайёҳи

Сайёҳии кӯҳнавардӣ

Тоҷикистон барои дӯстдорони кӯҳнавардӣ биҳишт аст. Кишвар дар қаторкӯҳҳои Помир ҷойгир аст ва дорои бисёр кӯҳҳои баланд, аз ҷумла Пики Ленин мебошад, ки яке аз

Муфассалтар »
Намудҳои сайёҳи

Cайёҳии таърихӣ ва фарҳангӣ

Дар бораи тамоми фазилатҳои аҷиби табиати нодири Тоҷикистон сухан ронда, набояд фаромӯш кард, ки ин кишвар бо ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ бой аст. Зеро Тоҷикистон яке

Муфассалтар »